Миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия беш аз 100 шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Форуми «Имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо» ва Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021», ки 19-20 октябр дар маркази вилоят доир шуд, беш аз 100 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин бора муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021» бори ҳафтум аст, ки бо мақсади муаррифии имконияти иқтисодиву саноатӣ ва кишоварзиву сайёҳии вилояти Суғд, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва таҳкими муносибатҳо гузаронида шуда, соли гузашта бо сабаби пандемияи коронавирус доир нашуд.
Дар ярмаркаи имсола теъдоди зиёди соҳибкорону моликони корхонаву ширкатҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзида, бо шарикони тоҷики худ дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.
Тӯли ду рӯзи гузашта миёни соҳибкорони тоҷику рус ва тоҷику узбек мулоқоту гуфтушунидҳо барои таҳкими робитаҳо роҳандозӣ гардида, беш аз 100 шарномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

АКСҲО: МИҲД-и вилояти Суғд








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






