Миёни вилояти Сирдарёи Узбекистон ва Тоҷикистон автобусҳои транзитӣ роҳандозӣ мешаванд

Октябрь 8, 2021 12:05

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар/. Миёни вилояти Сирдарёи Узбекистон ва Тоҷикистон автобусҳои транзитӣ тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд. Ин нуктаро 7 октябр  номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон — Ҳизби либералӣ-демократии Узбекистон, Президенти кунунии мамлакат Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо интихобкунандагони вилояти Сирдарё иброз дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти президенти Узбекистон.

Мавриди зикр аст, ки айни замон бо сабаби пандемия ҳаракати автобусҳо миёни Тошканд, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Узбекистон қатъ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 26-27 ноябри соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Комиссияи муштараки навбатии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба нақлиёти автомобилӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёти  Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири нақлиёти Узбекистон Даврон Деҳқонов   доир гардид.

Зимни ҷаласа  масоили  ҳамкории дучониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, кушодани хатсайрҳои иловагии байналмилалӣ дар сами мусофирбарӣ ва транзит,  ворид намудани тағйирот ба Созишномаи амалкунанда бо мақсади содагардонии раванди  ҳамлу нақл бо нақлиёти автомобилӣ, мубодилаи  рухсатномаҳо барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар соли 2021, мубодилаи таҷриба оид ба ҷорӣ намудани  рақамикунонӣ дар нақлиёт ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сипас оид ба масоили муҳокимашаванда Протокол ба имзо расид, ки онро муовинони вазирони нақлиёти ҳарду кишвар Шоиста Саидмуродзода ва Даврон Деҳқонов ба имзо расониданд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 8, 2021 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст