Миёни вилояти Сирдарёи Узбекистон ва Тоҷикистон автобусҳои транзитӣ роҳандозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар/. Миёни вилояти Сирдарёи Узбекистон ва Тоҷикистон автобусҳои транзитӣ тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд. Ин нуктаро 7 октябр номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон — Ҳизби либералӣ-демократии Узбекистон, Президенти кунунии мамлакат Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо интихобкунандагони вилояти Сирдарё иброз дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти президенти Узбекистон.
Мавриди зикр аст, ки айни замон бо сабаби пандемия ҳаракати автобусҳо миёни Тошканд, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Узбекистон қатъ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 26-27 ноябри соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Комиссияи муштараки навбатии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба нақлиёти автомобилӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири нақлиёти Узбекистон Даврон Деҳқонов доир гардид.
Зимни ҷаласа масоили ҳамкории дучониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, кушодани хатсайрҳои иловагии байналмилалӣ дар сами мусофирбарӣ ва транзит, ворид намудани тағйирот ба Созишномаи амалкунанда бо мақсади содагардонии раванди ҳамлу нақл бо нақлиёти автомобилӣ, мубодилаи рухсатномаҳо барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар соли 2021, мубодилаи таҷриба оид ба ҷорӣ намудани рақамикунонӣ дар нақлиёт ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас оид ба масоили муҳокимашаванда Протокол ба имзо расид, ки онро муовинони вазирони нақлиёти ҳарду кишвар Шоиста Саидмуродзода ва Даврон Деҳқонов ба имзо расониданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд






