Муассисаи таълимии шаҳри Турсунзода ба номи Некрӯз Ғафурзода гузошта шуд
ТУРСУНЗОДА, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи таълимии рақами 37-и деҳаи Даҳбеди шаҳри Турсунзода зимни ҳамоиши тантанавӣ ба номи шаҳиди роҳи озодӣ, сарбози қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Некрӯз Ғафурзода гузошта шуд.
Шаҳиди Ватан қаблан ба сифати капитан дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекард. Мавсуф 29 апрели соли 2021 зимни муноқишаҳои сарҳадӣ баҳри ҳифзи хоки Ватан синаи худро сипар намуда, шаҳид гардид.
Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов гуфт, ки ҳамоиш барои толибилмон ибратомӯз буд, зеро дар он аз ҷасорати ватандӯстонаи ҷавонмарди тоҷик, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон додааст, қиссаҳо карда, рӯҳи шикастнопазири ӯро пос доштанд. Зикр гардид, ки Некрӯз Ғафурзода фарзанди бовиқору ватандӯст ва ифтихори ҳамдеҳагони худ мебошад.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Турсунзода










Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






