Муассисаи таълимии шаҳри Турсунзода ба номи Некрӯз Ғафурзода гузошта шуд

Октябрь 11, 2021 11:41

ТУРСУНЗОДА, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Муассисаи  таълимии  рақами 37-и  деҳаи Даҳбеди шаҳри Турсунзода зимни ҳамоиши тантанавӣ ба номи шаҳиди роҳи озодӣ, сарбози қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Некрӯз  Ғафурзода гузошта шуд.

Шаҳиди Ватан қаблан ба сифати капитан дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекард. Мавсуф 29 апрели соли 2021 зимни муноқишаҳои сарҳадӣ баҳри ҳифзи хоки Ватан синаи худро сипар намуда, шаҳид гардид.

Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов гуфт, ки ҳамоиш барои толибилмон ибратомӯз буд, зеро дар он аз ҷасорати ватандӯстонаи ҷавонмарди тоҷик, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон додааст, қиссаҳо карда, рӯҳи шикастнопазири ӯро пос доштанд. Зикр гардид, ки  Некрӯз Ғафурзода фарзанди бовиқору ватандӯст ва ифтихори ҳамдеҳагони худ мебошад.

 

 

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Турсунзода

Октябрь 11, 2021 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид