Муовини Вазири фарҳанг Давлат Сафарзода: «Новобаста аз дастовардҳо имрӯз дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон мушкилот зиёданд»

Октябрь 19, 2021 11:27

ДУШАНБЕ, 19.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор намудани Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азиз ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бояд  тадбирҳои муассир роҳандозӣ намуд. Бояд зимни баргузории ин чорабиниҳо ҷиҳати дарёфти истеъдодҳо ва ҷалби минбаъдаи онҳо ба чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ ва давлатӣ, инчунин фаро гирифтани онҳо ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси соҳаи фарҳангу ҳунари ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса дода шавад.

Ин матлабро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат, ки 13 октябр баргузор гардид, баён дошт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги мамлакат  хабар медиҳад, дар ҷаласаи ҳайати мушовара Давлат Сафарзода зимни пешниҳоди ҳисобот зикр кард, ки «новобаста аз дастовардҳо  имрӯз дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангии мамлакат проблемаҳои  зиёде ҷой дошта, вобаста ба ин мо бояд ҷиҳати ҳалли онҳо чораҷӯӣ намоем. Пеш аз ҳама,  бо мақсади самарабахш ба роҳ мондани фаъолияти вазорат, сардорони раёсат ва шуъбаҳоро зарур аст, ки барои сари вақт таҳия ва пешниҳод намудани гузоришҳои дар ҷаласаи ҳайати мушовара баррасишаванда ва ҳуҷҷатҳои назоратӣ бо масъулияти баланд муносибат намоянд».

Айни замон  дар кори нарасидани мутахассисон дар соҳаи мусиқии касбӣ ва таъмини муассисаҳои консертӣ бо мутахассисони баландихтисос мушкилӣ ба назар мерасад. Масъалаи дигар- ин муҳтавои намоишҳои театрӣ мебошад, ки бояд аз ҷониби роҳбарият ва ҳайатҳои эҷодии муассисаҳои мазкур бобати пайдо намудани роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати намоишҳо, ҷалби тамошобин ва ҷавобгӯ намудани муассисаҳо ба талаботи замон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд,- изҳор дошт муовини Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ.

Давлат Сафарзода афзуд, ки  «бо мақсади тақвияти фаъолияти театрҳои касбӣ ва муассисаҳои консертӣ ҳалли проблемаҳои зеринро дар мадди аввал мегузорам:  аз ҷиҳати бадеӣ ба талаботи замони муосир мувофиқ гардондани барномаҳо ва намоишҳо;  таҳкими базаи моддӣ-техникии театрҳо, гурӯҳҳо ва ансамблҳо; дарёфти асарҳои бадеию мусиқии баландғояи замонавӣ».

Мутаассифона, дар самти таъминоти методӣ ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва низоми идоранамоии фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ то ҳол проблемаҳо вуҷуд дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҳангоми ташаккули буҷети маҳаллӣ эҳтиёҷоти воқеии муассисаҳои фарҳангиро ба инобат намегиранд. Маблағгузорӣ дар ин самт хеле нокифоя мебошад, -изҳори нигаронӣ кард Давлат Сафарзода.

Мавсуф хотиррасон намуд, ки ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳолатҳои хусусигардонии иншооти фарҳангӣ, сертификатсиякунонии қитъаҳои замини тамоми муассиса ва иншооти фарҳангии ҷумҳурӣ то ҳол тадбирҳои самаранок андешида нашудаанд.

Муовини Вазири фарҳанг Давлат Сафарзода ҳамчунин иброз дошт, ки  «масъалаи навбатии ташвишовари дигари соҳа – рушд наёфтани фаъолияти театрҳои халқӣ ва ансамблҳои тарона ва рақси назди сохторҳои фарҳанг мебошад. Айни замон дар репертуари ансамблҳои оилавӣ ва театрҳои халқӣ муносибати эҷодкорона кам ба чашм расида, ҳайату репертуари онҳо ба талаботи замон мувофиқ нест. Бинобар ин раёсати дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар ин самт чораҷӯӣ намояд».

Номбурда иброз дошт, ки бо назардошти таҳкиму такмили раванд ва рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ зарур мешуморам, ки барои ба низом даровардани вазъи муассисаҳои клубӣ дар доираи талаботи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2026» тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

-Дар ин замина, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии фарҳангӣ, шаффофият ва дастрасии онҳо ба мардум, пешкаши саривақтию босифати чунин хизматрасониҳо, пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ баҳри таъмини тавсеаи самтҳои фаъолияти эҷодӣ нақшаҳо таҳия карда шаванд, — пешниҳод кард  ӯ.

-Бобати фаъолияти минбаъдаи муназзами муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат, ҷиҳати навсозии сохтори таълимот, омоданамоии кадрҳо, танзими бозгашти донишҷӯёне, ки тибқи роҳхати вазорат дар мактабҳои олии ҳунарии давлатҳои хориҷӣ таҳсилро ба анҷом мерасонанд, инчунин дигар самтҳое, ки ба фаъолияти илму таълим рабт доранд, низ бояд тадбир андешид,-илова кард Давлат Сафарзода.

«Дар пеш моро маъракаҳои муҳими фарҳангӣ интизоранд. Аз ин рӯ, муассисаҳои фарҳангиро мебояд дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд. Итминон дорам, ки аҳли фарҳанги мамлакат бо истифода аз иқтидори эҷодию амалӣ баҳри иҷрои босуботи ҳама нақшаву ният ва боло бурдани сатҳи маънавиёти ҷомеа тамоми донишу малака, ақлу идрок, кӯшишу ғайрат ва ҳунару истеъдоди хешро баҳри ташаккули ҷаҳони маънавии шаҳрвандон ва афзудани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ равона менамоянд”,- гуфт дар фарҷоми ҳисобот  муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода.

 

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2021 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид
«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид