Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Октябрь 29, 2021 08:28

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агостино Пиннаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши  ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ  иқтисодию гуманитарӣ ва мушорикат дар доираи созмонҳои байналмилаию минтақавиро баррасӣ намуданд.

Дар меҳвари гуфтугӯи ҳамсуҳбатон масъалаҳои вобаста ба тиҷорат, муаррифии имконоти сармоягузории ду кишвар ва тақвияти робитаҳо миёни муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Италия қарор дода шуд.

АКС: ВКХ ҶТ

Октябрь 29, 2021 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд