Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири Ҷумҳурии Чехияро дар Тоҷикистон қабул намуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватслав Йилек нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд.
Ҳамсуҳбатон фаъол намудани абзорҳои ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла фаъолияти Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҳамкории иқтисодиву саноатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия муҳим шумориданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд






