Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ва ифтитоҳи боғи марказии ноҳия

Октябрь 4, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ “Ховар”/. 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.

Мақсад аз ин сафар ифтитоҳи якчанд бинову иншооти дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунëдгардида, мулоқоту дидорбинӣ бо мардум ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии онҳо мебошад.

Дар маркази ноҳия сокинони касбу кори гуногун Сарвари хирадманду инсонпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳия Боғи марказиро, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи ҳадафи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пурра таҷдиду навсозӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғ дорои ду дарвозаи мунаққаши бо унсурҳои миллӣ ороëфта мебошад. Масоҳати умумии боғ 3,5 гектарро ташкил медиҳад ва дар он шароити хуби истироҳат фароҳам оварда шудааст. Иншоотро сохтмончиëни ватанӣ бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон навсозӣ намудаанд.

Дар тарафи чапи иншоот амфитеатр бунëд карда шуда, дорои 1000 ҷои нишаст мебошад ва ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои оммавӣ мусоид аст. Акнун сокинон, бахусус ҷавонони саодатманди ноҳия имкон доранд дар ин иншооти замонавии фарҳангӣ вохӯриву мулоқотҳои судманд баргузор намоянд.

Ҳудуди боғро 1250 ниҳолу дарахтони ороишии ҳамешасабз, аз қабили туя, можевелник, каштан, сӯзанбарг, санҷид ва ғайра зеб медиҳанд, ки аз ин теъдод 600 бех нав шинонида шудааст. Майдони гулкоришуда ва майсазор 2,5 гектарро ташкил медиҳад. Дар гӯшаи боғ обанбор бо ғунҷоиши 160 метри мукааб сохтаанд. Гулу дарахтони мавҷуда ба таври муосир ва бо истифода аз 1000 обпошаки худкор обëрӣ мешаванд.

Дар дохили боғ майдони рамзи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунëд карда шудааст. Масоҳати майдони мазкур 625 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Рамзи 30-солагии Истиқлолият дар сутунпояи зебо ороëфтаи баландиаш 14,5 метр насб шудааст, ки диққатҷалбкунанда мебошад. Дар як тарафи майдон харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар тарафи дигар ба хотири ҷалби наврасону ҷавонон ба донишандӯзӣ ба таври рамзӣ китоб гузошта шудааст.

Дар ҳудуди иншоот гӯшаи қаҳрамонон ва 5 суҳбаткада ташкил гардида, ҳамчунин 10 адад нишасткурсӣ гузошта шудааст. Дар ин ҷо ошхона ҳам мавҷуд мебошад. Барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаëти солим ду майдончаи варзишии ҷавобгӯ ба талаботи бозии футболи хурд, майдонча барои бозии кӯдакон, инчунин толори саққобозӣ бунёд намудаанд. Инфрасохтори иншоот ҳамаи табақаи ҷомеаро фаро мегирад.

Роҳравҳо бо истифода аз тахтасангҳои истеҳсоли ватанӣ барои сайру гашт ва таъмини фароғати сокинон мувофиқ гардонида шудаанд.

Барои таъмини равшанӣ дар шаб 55 сутунпоя насб гардида, ҳудуди боғ бо фурӯзонакҳои муосир чароғон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳман ҳамкории соҳибкоронро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шоистаи таҳсин хонда, аз масъулин истифодаи самараноки имконоти мавҷударо талаб намуданд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ ва ифтитоҳи боғи марказии ноҳия 04.10.2021

Октябрь 4, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш барои 280 нафар кӯдакистон сохта мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад
Роҳҳои деҳаҳои Шафақу Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
35–СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб 494 иншоот бунёду навсозӣ карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид