ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Аз 2 то 4 октябр дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво 6-9 дараҷа паст мешавад
ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1-2 октябр бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор шиддат мегирад, хабар доданд азАгентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Инчунин 2-4 октябр бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ номусоидшавии вазъи ҳаво дар назар буда, ҳарорат то 6-9дараҷа паст мешавад. 3 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боридани боронҳои шиддатнок пешгӯӣ мешавад. 3-4 октябр бо сабаби пастшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ҷумҳурӣ шабона бориши борон ба барф мегузарад.
2 ва 3 октябр дар дар вилояти Хатлон, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.
Аз ин рӯ ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Инчунин ҳангоми корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар эҳтиёткор бошанд. Вазъияти баамаломада ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва гирифторони бемориҳои диққи нафас ва қалб таъсири манфӣ дорад.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






