Ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб барои кашфи ретсепторҳои нав дода мешавад

Октябрь 4, 2021 15:34

ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барандагони ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб барои соли 2021 Дэвид Юлиус ва Ардем Патапутян гардиданд. Ҷоиза барои кашфи ретсепторҳое (нӯги торҳои асабҳои ҳискунанда, ки таъсирро қабул мекунад) дода шуд, ки ба ҳарорат ва ламс эътино мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора кумитаи Нобел дар сомонаи худ навиштааст.

Хабари бо ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб дар соли 2021 қадрдонӣ гардидани Дэвид Юлиус ва Ардем Патапутян имрӯз, 4 октябр дар Стокголм эълон карда шуд. Эълон дар саҳифаи расмии ҷоиза дар Твиттер пахш шудааст.

Юлиус физиолог буда, дар Донишгоҳи Калифорния дар Сан -Франсиско кор мекунад. Вай бештар бо тадқиқоти ретсепторҳое машҳур аст, ки ба ментол (наъно), равғани хардал ва капсаитсин-унсури қаламфури сӯзонанда вокуниш нишон медиҳанд ва мо тавассути онҳо сӯзишро эҳсос мекунем. Патапутян биологи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Скриппс буда, корҳои ӯ ба роҳҳои ионӣ ва ретсепторҳое нигаронида шудаанд, ки бо ҳарорат, ламс ё тавсеаи ҳуҷайраҳо фаъол мешаванд.


Соли гузашта дар ин номина Харви Олтер, Чарлз Райс ва Майкл Ҳоутен барои кашфи вируси гепатити С соҳиби ин ҷоиза шуда буданд.

Ҷоизаи пулии имсола 10 миллион крон (тақрибан 1,5 миллион доллар) хоҳад буд.

Барандагони ҷоизаҳо дар дигар номинаҳо ин ҳафта эълон хоҳанд шуд: 5 октябр қарор оид ба физика, 6 октябр – оид ба кимиё, 7 октябр – доир ба адабиёт эълон карда мешавад. Номи барандаи ҷоизаи сулҳ 8 октябр дар Осло эълон мешавад. Барандаи ҷоиза дар бахши иқтисод 11 октябр муайян хоҳад шуд.

 

АКСИ БОЛО: Jonathan NACKSTRAND / AFP

Октябрь 4, 2021 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд