ОМОДАБОШ. Дмитрий Песков аҳдофи тамринҳои СААД дар Тоҷикистонро номбар намуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Машқҳои муштараки кишварҳои СААД дар Тоҷикистон дар заминаи шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон хеле заруранд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории русии Sputnik иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз котиби матбуоти Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, «бинобар ба таври пешгӯинашаванда рушд ёфтани вазъияти Афғонистон машқҳои низомӣ дар наздикии марз бо ин кишвар хеле заруранд».
Роҳбари хадамоти матбуоти Президенти Русия хотиррасон кард, ки сарони кишварҳои узви СААД дар ҷаласаи охир таваҷҷуҳи худро ба ин масъала равона карданд.
«Бинобар сабаби аз бисёр ҷиҳат пешгӯинашаванда будани ин вазъ ва зарурати ташкили, тавре ки мегӯянд, омодабош минбаъд бояд роҳу усулҳои ҳамкориро дар самти низомӣ бояд боз ҳам такмил дод»,- гуфт Песков.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, нишасти СААД 16 сентябри соли равон дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Дар эъломияи ниҳоӣ ширкаткунандагон аз ҷонибҳои даргир дар Афғонистон даъват карданд, ки сари мизи музокира нишинанд ва мушкилотро бо роҳи осоишта ҳал кунанд. Агар вазъ бадтар шавад, давлатҳои СААД омодаанд марзҳои худро ҳифз кунанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон 22-23 октябр машқҳои неруҳои дастҷамъии СААД «Ҳамкорӣ — 2021» баргузор мешаванд.
Ҳамзамон тамринҳои «Ҷустуҷӯ» ва «Эшелон» низ эълон шуда буданд. Маълум аст, ки ба онҳо беш аз 2,7 ҳазор нафар низомиён ва беш аз 500 адад техникаҳои ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.
АКС: twit.su








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






