ОМОДАБОШ. Дмитрий Песков аҳдофи тамринҳои СААД дар Тоҷикистонро номбар намуд

Октябрь 14, 2021 11:31

ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Машқҳои муштараки кишварҳои СААД дар Тоҷикистон дар заминаи шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон хеле заруранд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории русии Sputnik иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз котиби матбуоти Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков  изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, «бинобар ба таври пешгӯинашаванда рушд ёфтани вазъияти Афғонистон машқҳои низомӣ дар наздикии марз бо ин кишвар хеле заруранд».

Роҳбари хадамоти матбуоти Президенти Русия хотиррасон кард, ки сарони кишварҳои узви СААД дар ҷаласаи охир таваҷҷуҳи худро ба ин масъала равона карданд.

«Бинобар сабаби аз бисёр ҷиҳат пешгӯинашаванда будани ин вазъ ва зарурати ташкили, тавре ки мегӯянд, омодабош   минбаъд бояд роҳу усулҳои ҳамкориро  дар самти низомӣ бояд боз ҳам такмил дод»,- гуфт Песков.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, нишасти СААД 16 сентябри соли равон дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Дар эъломияи ниҳоӣ ширкаткунандагон аз ҷонибҳои даргир дар Афғонистон даъват карданд, ки сари мизи музокира нишинанд ва мушкилотро бо роҳи осоишта ҳал кунанд. Агар вазъ бадтар шавад, давлатҳои СААД омодаанд марзҳои худро ҳифз кунанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон 22-23 октябр машқҳои неруҳои дастҷамъии СААД «Ҳамкорӣ — 2021» баргузор мешаванд.

Ҳамзамон тамринҳои «Ҷустуҷӯ» ва «Эшелон» низ эълон шуда буданд. Маълум аст, ки ба онҳо беш аз 2,7 ҳазор нафар низомиён ва беш аз 500 адад техникаҳои ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

                                                         АКС: twit.su

Октябрь 14, 2021 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд