ОСИЁ МЕТАВОНАД БАР АСАРИ ГАРМШАВИИ ИҚЛИМ ТО 40% ПИРЯХҲОРО АЗ ДАСТ ДИҲАД. Президенти Тоҷикистон ташаббуси нави Созмони ҷаҳонии метеорологиро пазируфтанд

Октябрь 27, 2021 11:37

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Осиё бар асари гармшавии иқлим метавонад то соли 2050 аз 20 то 40 дарсади ҳаҷми пиряхҳои кӯҳиро аз даст диҳад ва ин бевосита ба ҳаёти тақрибан 750 миллион нафар таъсир мерасонад. Чунин пешгӯӣ дар гузориши дар Женева нашршуда, ки Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (СҶМ) дар ҳамкорӣ бо якчанд шарикон таҳия кардааст, оварда шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, соли 2020 гармтарин сол дар Осиё дар тӯли тамоми давраи мушоҳидаҳои мунтазами обу ҳаво ва иқлим буд. Ҳарорати миёна нисбат ба солҳои 1981-2010 1,39 дараҷа баланд буд. «Обшавии пиряхҳо суръат гирифт ва пешбинӣ мешавад, ки массаи ях то соли 2050 то 20-40% коҳиш ёбад, ки ба ҳаёти тақрибан 750 миллион нафар дар минтақа таъсир мерасонад», — омадааст дар гузориш.

СҶМ ёдовар шуд, ки майдони пиряхҳо дар Осиё тақрибан 100 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва ин калонтарин ҳаҷми ях берун аз минтақаҳои қутбии рӯи Замин мебошад. Пиряхҳо 10 дарёи бузурги Осиёро таъмин мекунанд.

Ҳарорат дар сатҳи оби уқёнусҳои Ором, Ҳинд ва Арктикаи Шимолӣ соли 2020 баландтарин буд. Дар қитъаҳои баҳрии Осиё ва атрофи он ҳарорати об назар ба дараҷаи миёнаи рӯи Замин бо шиддат баланд мешавад. Зиёда аз он, дар баъзе қитъаҳои уқёнуси Арктикаи Шимолӣ ва баҳри Араб ин афзоиш назар ба дараҷаи миёнаи ҷаҳон се баробар зиёд аст. Дар қисмати шимоли Уқёнуси Ҳинд ва шимолу ғарби Уқёнуси Ором сатҳи об нисбат ба суръати миёнаи ҷаҳонӣ зудтар боло меравад.

«Хатарҳои обу ҳаво ва иқлимӣ, бахусус обхезӣ, тӯфон ва хушксолӣ ба бисёре аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд», — гуфт дар робита ба интишори гузориш Дабири кулли СҶМ Петтери Таалас. Ӯ таваҷҷуҳро ба афзоиши шумораи муҳоҷирон ва паноҳандагон дар Осиё, зиёдшавии хатарҳо ба саломатии инсон ва тахриби муҳити муқаррарӣ ҷалб кард.

Тибқи гузориш, соли 2020 обхезиҳо ва тӯфонҳо дар Осиё ба 50 миллион нафар осеб расониданд. Ин офатҳои табиӣ ҳаёти беш аз 5 ҳазор нафарро аз байн бурданд.

«Мояи хушнудист, ки ба наздикӣ Созмони ҷаҳонии метеорологӣ ва абзори «Созмони Милали Муттаҳид – Об» бо дастгирии фаъоли як қатор кишварҳои шарик ташаббуси наверо пешниҳод намуд, ки мавқеъгирии ҳамгироишударо дар муқовимат бо тағйирёбии иқлим, маҳдудшавии захираҳои оби нӯшокӣ ва бад шудани сифати он пешбинӣ менамояд», — изҳор доштанд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои мавзӯии сатҳи баланди Созмони Милали Муттахид таҳти унвони «Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим».

Ба гуфтаи Пешвои миллат, Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо чунин шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.

«Пиряхҳои мо башиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодаанд, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пай дар пай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва  ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ  ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Вобаста ба ин, Президенти мамлакат бори дигар таъкид намуданд, ки таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ба таври возеҳ ба назар мерасад ва ин масъала бояд дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус роҳбарони давлатҳои аъзои Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлим қарор дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин пешниҳоди худро оид ба эълон намудани соли 2025 — «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва таъйини  санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» бори дигар таъкид карданд.

«Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъсис додани «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар доираи он мо тавонем муштаракан талошу захираҳоямонро ҷиҳати иқдомоти амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби соф сафарбар намоем,  борҳо даъват ба амал овардааст», — тазаккур доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

                                                                                Саид АЛӢ,
АМИТ «Ховар»

                                                                                        АКС: nytimes.com

Октябрь 27, 2021 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб