Пагоҳ бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат оғоз мешаванд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд миёни ҳам рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 21-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ байни ҳам рақобат карданд.
Ин навбат дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар сафар бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, аз тарки Лигаи олӣ раҳоӣ ёфт. Голи ягонаи бозиро Н’Ди Лукас Кевин дар дақиқаи 54-ум ба нишон расонид. Дастаи футболи «Файзканд»- и ноҳияи Восеъ, ки дар чанд даври охир дар ҷои нуҳуми ҷадвал буд, бо шарофати ин ғалаба ба ҷои ҳаштум баромад.
КМВА пирӯзиҳояшро идома дода, ин бор ба дарвозаи дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе 4 голи беҷавоб зад. Ҳар чор тӯбро Фатҳулло Фатҳуллоев вориди дарвозаи ҳариф намуд.
Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Дар дақиқаи дуюми бозӣ футболбози дастаи «Кӯктош» Нодирбек Иброҳимов нохост тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард. Се голи дигари хуҷандиҳоро Нозим Бобоҷонов, Комрон Турсунов ва Далер Ёдгоров ба нишон расониданд. Голҳои дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро Насимҷон Муҳаммадиев ба ҳадаф расонид.
Дар бозии марказии давр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сафар бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:0 зафар ёфт ва мавқеашро дар ҷои аввал мустаҳкамтар намуд. Голро Алексей Ларин дар дақиқаи 48 ба нишон расонид.
Дар бозӣ миёни ду дастаи вилояти Хатлон — «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб «Хатлон» бо ҳисоби 2:1 зафар ёфт. Ҳисобро бозингари дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Овусу Обед дар дақиқаи 10 кушод. Бозингарони дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар Нуриддин Ҳамроқулов ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар нимаи дуюм ду гол зада, ғалабаи дастаашонро таъмин намуданд.
Пас аз натиҷагирии 21 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 51 хол дорад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 10 хол камтар (41) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 33 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.
| ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 20 | 16 | 3 | 1 | 57-7 | 51 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 20 | 13 | 2 | 5 | 43-21 | 41 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 21 | 9 | 6 | 6 | 30-25 | 33 |
| 4 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 21 | 8 | 5 | 8 | 23-22 | 29 |
| 5 | «Хатлон» (Бохтар) | 21 | 8 | 5 | 8 | 23-26 | 29 |
| 6 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 21 | 8 | 3 | 10 | 29-35 | 27 |
| 7 | «Равшан» (Кӯлоб) | 21 | 5 | 8 | 8 | 20-26 | 23 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 21 | 5 | 5 | 11 | 14-26 | 20 |
| 9 | «Душанбе» (Душанбе) | 21 | 4 | 6 | 11 | 21-48 | 18 |
| 10 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 21 | 4 | 5 | 12 | 26-50 | 17 |
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд






