Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 8 километр роҳи навсозишудаи ноҳияи Муъминободро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 километр роҳи навсозишудаи ноҳияи Муъминободро ба истифода доданд.
Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар баробари бунёду навсозии иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла маъмурию хизматрасонӣ, саноатию сохтмонӣ ва фарҳангиву варзишӣ, роҳҳои дохилии ноҳияи Муъминобод низ бо саҳми аҳолӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша таъмиру навсозӣ гардида, барои сокинони заҳматдӯсти ин гӯшаи диёр шароити арзандаи кору зиндагӣ муҳайё мегардад.
Бо мақсади фароҳам овардани имконоти зарурии рафтуомади сокинону меҳмонон роҳҳои дохилии ноҳияи Муъминобод дар қитъаҳои алоҳида асфалтпӯш карда шудааст. Аз ҷумла, роҳи автомабилгард дар деҳаи Гулистон ба масофаи 2 километр, бо гузоштани 3 адад қубури обгузар ба маблағи 1,92 миллион сомонӣ бо саҳми соҳибкорони ватандӯсти ноҳия сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.
Дар кӯчаи марказии ноҳия ба масофаи 0,6 километр роҳ пурра мумфарш гардида, корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар қитъаҳои дигар бо сатҳу сифати баланд ба иҷро расонда шуд. Мавриди зикр аст, ки дар раванди созандагию бунёдкориҳо дар ноҳияи Муъминобод роҳи мошингарди деҳаи Тутқавул-Ҷалоқ ба масофаи 4 километр бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру навсозӣ гардид. Илова бар ин роҳи автомабилгарди корхонаи коркарди ангур низ ба масофаи 1,5 километр пурра асфалтпӯш карда шудааст.
Сокинони ноҳияи Муъминобод аз роҳҳои ободу ҳамвор, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми соҳибкорони ватандӯст таъмиру навсозӣ мегарданд, изҳори ҳушнудӣ менамоянд.
Асосан роҳҳои ҳудуди дохилии ноҳияи Муъминобод 514 километрро ташкил медиҳад ва роҳҳои марказии ноҳия бошад, 28 километр буда, ҳамасола марҳила ба марҳила таъмиру навсозӣ карда мешаванд.









СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд






