Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Парчами давлатии Тоҷикистонро парафшон намуданд.
Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Фирдавс Муродов амалӣ карда шуда, мақсад аз гузоштани Парчами давлатӣ ва бунёди як гулгашти хуштарҳу замонавӣ дар ин деҳа тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии сокинон мебошад.
Деҳоти Сари Хосор аз зумраи минтақаҳои назаррабои сайёҳии Тоҷикистон буда, табиати биҳиштосои ин гӯшаи бостонии мамлакат воситаи ҷалби теъдоди зиёди сайёҳону ҷаҳонгардони хориҷиву дохилӣ дониста мешавад.
Ташаббуси бунёди Майдони Парчами давлатӣ дар деҳаи Шайдон дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, корҳои пудратиро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аслиддин-13” бо сифати баланд анҷом додаанд.
Сутунпояи Парчами давлатӣ дар деҳаи Шайдон 25 метр буда, паҳноии матои Парчам 7 ва дарозии он 14 метр аст.
Арзиши умумии иншоот қариб 300 ҳазор сомониро ташкил дода, масоҳати қитъаи замини ҷудошуда 10 садяк мебошад.
Парафшон сохтани Парчами давлатӣ дар ин минтақаи дурдасти мамлакат нишонаи арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои давлатдорӣ буда, садоқати сокинонро нисбат ба Ватан-Модар собит месозад. Зимнан бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Майдони Парчами давлатӣ, дар деҳаи Шайдон барои бошандагон макони ҷолиби дигар барои фароғату истироҳат ва гузаронидани ҳамоишҳои гуногуни оммавӣ пайдо шуд.








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик






