Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон парки мошинҳои низомиро бо гирифтани 30 Т-72В3М навсозӣ мекунад

Октябрь 25, 2021 11:07

ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон то охири сол 30 танки мукаммали Т-72В3М гирифта, парки мошинҳои низомии худро навсозӣ  мекунад,  гуфт сардори ситоди ин қисм, полковник Евгений Охрименко якшанбе, 24 октябр ба хабарнигорон,  хабар медиҳад РИА «Новости».

«Дар айни замон пойгоҳи низомӣ бо моделҳои муосири техникаи ҳарбӣ ва махсус муҷаҳҳаз карда мешавад. Қарор аст, то охири сол 30 танки муосири T-72B3M бо хусусияти мукаммали низомӣ барои иваз кардани мошинҳои ҷангии шаклҳои қаблӣ дарёфт карда шавад», — гуфт Охрименко.

Вай гуфт, ки ба наздикӣ ба қисмҳои ҳарбии пойгоҳи 201 якчанд мошинҳои низомии пиёдагарди замонавии БМП-2-и шаклҳои замонавӣ бо навтарин маҷмӯи системаҳои зиддимушакии зенитии «Верба», оташандозҳои реактивии дурпарвози боиқтидор, маҷмӯи  мушакии зиддитанкии «Корнет», милтиқи снайперии АСВК-М «Корд» -и дорои қутри 12,7 мм, автоматҳои АК-12, мошинҳои зиреҳпӯши санитарии «Линза», таҷҳизоти хадамоти таъминоти ақибгоҳӣ ва техникӣ ворид карда шуданд.

Сардори ситод зикр кард, ки ҳайати шахсӣ ҳангоми машқҳо дар сатҳҳои гуногун бомуваффақият силоҳҳои навро аз худ мекунад, шаклҳои босамари бурдани амалҳои ҷангиро бо дарназардошти таҷрибаи муноқишаҳои мусаллаҳи муосир амалӣ менамояд.

Ба гуфтаи ӯ, дар машқҳои муштараки СААД «Ҳамкорӣ-2021» ва машқҳои вижаи «Эшелон-2021» ва «Ҷустуҷӯ-2021», ки дар машқгоҳҳои Тоҷикистон «Ҳарб-Майдон» ва «Момирак» амалӣ шуданд, ҳайати Русияро асосан кормандони пойгоҳи низомии 201 ташкил доданд. Зиёда аз 1,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ба амалҳои ҳарбӣ ҷалб карда шуданд.

                                                АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 25, 2021 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид