Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ориёни деҳоти Фархор бинои Маркази хизматрасонию истеҳсолиро ифтитоҳ намуда, ба ятимони кулл туҳфаҳо тақдим намуданд

Октябрь 2, 2021 10:18

ДУШАНБЕ, 02.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ориёни деҳоти Фархор Коргоҳи истеҳсолиро ба истифода доданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамовардашуда дар иншооти нав ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин Коргоҳи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино ошхона, мағозаи фурӯши либос ва дар ду ошёнаи болоӣ коргоҳи дӯзандагӣ бунёд шуда, бо беш аз 80 мошинаи дарздӯзӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин коргоҳ асосан сару либоси низомӣ, рахти хоби сарбозон ва либоси ягонаи мактабӣ дӯхта мешавад.

То анҷоми сохтмони коргоҳи истеҳсолӣ занону ҷавондухтарони маҳаллӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб гардида, соҳиби шаҳодатнома шуда буданд, вале то ин дам дар хонаҳояшон фаъолият мекарданд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ дар шароити беҳтар корро идома хоҳанд дод.

Масъулин нақша доранд, ки оянда дар коргоҳ истеҳсоли кулоҳ барои сарбозон ва сару либоси табибонро низ ба роҳ монанд.

Иншоот аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “КОР ВОҒ” мебошад.

Лоиҳаи бинои Коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Корхонаи фаръии давлатии “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Фархор бо усули муосири меъморӣ иборат аз 3 ошёна бо таҳхона таҳия шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 шурӯъ шуда буданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Коргоҳи истеҳсолӣ 150 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла, занону ҷавондухтарони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар таҳхонаи коргоҳи истеҳсолӣ сардхона бунёд гардидааст. Масоҳати сардхона беш аз 500 метри мураббаъро ташкил дода, дар он имкони нигоҳ доштани 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 50 тонна маҳсулоти гӯштӣ вуҷуд дорад. Тибқи иттилои масъулин, маҳсулоти сардхона барои таъминоти сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳудуди ноҳияи Фархор нигоҳ дошта мешавад.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 43 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Фархор ва Шамсиддини Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.

Туҳфаҳои Сарвари давлат аз кумакпулӣ, сару либос ва ғайра иборат буд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимон хони пурнозу неъмати идона ороста шуд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакону наврасони бо амри тақдир ятиммондаро ба муносибати ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳативу саодатмандӣ ва хониши хубу аъло таманно карданд.

Зикр шуд, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста онҳоро дастгирӣ мекунанд. Махсусан барои таҳсил ва фаъолияти онҳо ба таври ҳамешагӣ тадбирандешиҳо сурат мегиранд. Маҳз дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ин табақаи аҳолӣ аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор гашта, тибқи квотаҳои Президентӣ ва дигар имтиёзҳо дар муассисаҳои олии таълимии кишвар таҳсилро идома медиҳанд. Аз ҷумла, шумораи умумии ятимони то 18-сола дар ноҳияи Фархор 35 нафарро ташкил мекунад.

Кӯдакону наврасон дар навбати худ иброз доштанд, ки дастгириҳои Пешвои муаззами миллатро ҳамеша эҳсос мекунанд ва худро ҳеҷ гоҳ танҳову бекас намешуморанд. Дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар онҳо ваъда доданд, ки таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома медиҳанд ва дар оянда дар рушду пешрафт ва шукуфоии бештари ватани маҳбуб нақш мегузоранд.

 

Октябрь 2, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд