Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосор корхонаи “Асали Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 2, 2021 18:30

ДУШАНБЕ, 02.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, ки бо табиати дилфиребу афсункор, сокинони меҳмондӯст ва таърихи бостонии худ машҳури ҷаҳон аст, ташриф оварданд.

Роҳбарияти ноҳия ва сокинони шукргузор Пешвои муаззами миллатро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Дар идомаи боздиди корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шайдони деҳоти Сари Хосор корхонаи “Асали Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Иброҳимзода Маҳадӯсти Азим сохта ба истифода дода шуд.

Корхонаи коркарди асал дар як сол иқтидори коркарди 200 тонна асалро дошта, бо таҷҳизоти насли нав ва технологияи муосир ҷиҳозонида шудааст.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо зарфиятҳои коргоҳи нав, иқдоми соҳибкорро шоёни дастгирӣ хонда, бо назардошти иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати тавсеаи фаъолияти корхона супоришҳои мушаххас доданд.

Зикр гардид, ки соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои камхарҷ ва сердаромад ба ҳисоб меравад, зеро 93 фоизи масоҳати ҷумҳуриро кӯҳҳо ташкил дода, захираҳои мавҷудаи растаниҳои шаҳддиҳанда имконият медиҳад, ки шумораи оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асал зиёд карда шавад.

Самти асосии фаъолияти корхонаи нав коркард ва банду басти асал буда, арзиши умумии иншоот зиёда аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Истеҳсолоти корхонаи “Асали Сари Хосор” таъиноти содиротӣ дошта, маҳсулот дар зарфҳои ғунҷоишашон мухталифи шаффоф, ки аз Туркия ворид мегардад, басту банд карда мешавад.

Дар дохили корхона намоиши дастовардҳои занбӯриасалпарварони 22 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ба роҳ монда шуд.

Маълум гардид, ки бо истифода аз дастгириҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва дар чаҳорчӯбаи татбиқи амалии Барномаи давлатии рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин бахши сердаромади соҳаи аграрии кишвар дар миқёси вилоят рӯ ба рушд ниҳода, афзоиши тадриҷии оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба қайд гирифта мешавад.

Ноҳияи Балҷувон минтақаи кӯҳсор буда, дар ҳудуди ноҳия тамоми растаниҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мерӯянд, мавҷуд аст.

Айни замон дар ноҳия зиёда аз 4 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли ‎2015 750 оила зиёд мебошад. Асали дар ноҳия истеҳсолшаванда дар баробари таъмини аҳолии ноҳияи Балҷувон бо маҳсулоти худӣ, ҳамзамон барои ба фурӯш баровардан ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва содироти он ба хориҷа пешниҳод мегардад.

Соли 2020 занбӯриасалпарварони ноҳияи Балҷувон 46,5 тонна асал истеҳсол намудаанд. Айни замон дар корхонаи нав банду басти қуттиҳои асал дар шаклҳои гуногун ба роҳ монда шудааст ва масъулини корхона талош доранд, ки бо пешниҳоди тарзу усулҳои муосири банду баст ва рақобатпазир намудани маҳсулоти истеҳсолӣ, ба бозорҳои ҷаҳонӣ бештар роҳ пайдо кунанд. Дар ин корхона 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи “Асали Сари Хосор”, масъулонро вазифадор карданд, ки дар масъалаи банду басти асал ва содироти он беш аз пештара таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Зеро дар баробари сифати баланди асал, инчунин бояд банду баст ва ороишоти зоҳирии он низ бозоргузар бошад. Ҳамаи ин ба рақобатпазирӣ дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат карда, иқтидори содиротии кишварро тақвият мебахшад.

Дар саҳни корхонаи нави коркарди асал, инчунин намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатии корхонаҳои вилоят ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳ намудҳои зиёди гиёҳҳои шифобахши кӯҳистони Сари Хосор, дастовардҳои барзгарони минтақа, ҳунарҳои мардумӣ ва тавлидоти саноатӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти кишоварзону саноатчиён баҳои баланд дода, ҷиҳати азхудкуниии бештари зарфиятҳои табиии минтақа ба онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

facebook
twitter
Октябрь 2, 2021 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд