Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи варзиширо дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Маҷмааи варзишии замонавиро, ки бо саҳми соҳибкор Амрохон Саидов бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Маҷмааи варзишӣ дорои 5 толори хурди варзишӣ, аз ҷумла як толор барои таэквандо, толори гӯштин, толор барои бозии шашкаю шоҳмот, толори тамрин ва толори тенниси рӯи миз аст.
Иншооти варзишӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ сохта шуда, дар он барои ба тамрин фаро гирифтани ҷавонону наврасон шароити мусоид фароҳам гардидааст.
Маҷмааи варзишӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар як вақт зиёда аз 100 нафар ҷавонону наврасон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш тамрин хоҳанд кард.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо варзишгарон ва шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар Маҷмааи варзишӣ ба масъулон дастур доданд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба варзиш тадбирҳои саривақтиро амалӣ намояд.
Се соли охир дар ноҳияи Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ дар раванди босуръати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 10 майдонча, се толор ва як маҷмааи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як мактаби варзишӣ фаъолият дорад, ки дар он бештар аз 1000 нафар ҷавонону наврасон аз рӯи 11 намуди варзиш ба тамрин фаро гирифта шудаанд.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






