Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи варзиширо дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ифтитоҳ намуданд

Октябрь 1, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Маҷмааи варзишии замонавиро, ки бо саҳми соҳибкор Амрохон Саидов бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Маҷмааи варзишӣ дорои 5 толори хурди варзишӣ, аз ҷумла як толор барои таэквандо, толори гӯштин, толор барои бозии шашкаю шоҳмот, толори тамрин ва толори тенниси рӯи миз аст.

Иншооти варзишӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ сохта шуда, дар он барои ба тамрин фаро гирифтани ҷавонону наврасон шароити мусоид фароҳам гардидааст.

Маҷмааи варзишӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин буда, дар як вақт зиёда аз 100 нафар ҷавонону наврасон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш тамрин хоҳанд кард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо варзишгарон ва шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар Маҷмааи варзишӣ ба масъулон дастур доданд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба варзиш тадбирҳои саривақтиро амалӣ намояд.

Се соли охир дар ноҳияи Мир Саийд Алии Ҳамадонӣ дар раванди босуръати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 10 майдонча, се толор ва як маҷмааи варзишӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як мактаби варзишӣ фаъолият дорад, ки дар он бештар аз 1000 нафар ҷавонону наврасон аз рӯи 11 намуди варзиш ба тамрин фаро гирифта шудаанд.

Ифтитоҳи Маҷмааи варзишӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 01.10.2021

Октябрь 1, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ