Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар»-ро дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ ифтитоҳ карданд

Октябрь 4, 2021 09:41

ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ “Ховар”/. 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар”-ро ифтитоҳ карданд.

Иншооти фарҳангӣ дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули меъмории замонавӣ аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” бо сифати баланд бунёд карда шудааст.

Дар ҳудуди мавзеъ дарахтони ороишии маҳаллӣ ва аз хориҷ воридшуда, аз қабили арча, магнолия, клён, каштан, сирен ва дигар навъу намуди дарахтони сояафкан шинонида шуда, замини он майсазор карда шудааст. Гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони сояафкан дар ҳоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” парвариш карда шудаанд.

Партовҳои зиёд, оби ифлос ва роҳи таъмирталаб ҳолати қаблии мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” буд, ки метавонист ба хуруҷи даҳҳо беморӣ сабаб шавад. Бо назардошти он ки оби нӯшокӣ дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дошт, сароғоз аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” барои сокинони деҳаи Қайнар оби тозаи нӯшокӣ бароварда шуд.

Сипас аз соли 2017 корҳои созандагӣ оғоз гардиданд ва иқдоми ватандӯстонаи коргарони хоҷагии “Файзи Саид” аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дастгирӣ пайдо намуд.

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” имкон фароҳам оварда шуд, ки ин ҷо ба макони зебову дилнишин табдил ёбад.

Суҳбаткада ва нишастгоҳҳо бо сохти меъмории миллӣ бунёд карда шудаанд.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.

Ҳамзамон ба таври таҷрибавӣ парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Парандаҳои нодир рангорангии табиати ин мавзеъро таъмин ва хотири сайёҳонро болида мегардонанд.

Аз рӯи маълумоти таърихӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ таҳқиқу пажуҳиш дар ин мавзеъ аз соли 1960 оғоз гардида буд ва нишонаҳои таърихии он тавассути тасвирҳо пешниҳод шудаанд. Нигораҳои аз чуқурии 1,5 то 6 метр ёфтшуда ба давраи Сомониён, Кӯшониён ва Юнону Бохтариён тааллуқ доштани ин мавзеъро собит мекунад.

“Ҳавзи Қайнар” манбаи асосии таъмини оби нӯшокии шаҳри Ҳулбук ба ҳисоб мерафт. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, оби нӯшокӣ аз ин ҷо то шаҳри Ҳулбук тавассути қубурҳои сафолин бурда шуда буд.

Мавқеи ҷуғрофӣ ва санъати волои шаҳрсозии ниёгон дар мисоли Қайнар бори дигар миллати тамаддунофар будани тоҷиконро собит мекунад.

Дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ба эҳёи ин мавзеи таърихӣ ва муаррифии санъати баланди шаҳрсозии ниёгон сабаб гардид.

Роҳравҳои ҳудуди мавзеи таърихӣ ба андозаи 4 580 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, дар ду шафати роҳ гулҳои мавсимӣ ва доимӣ шинонида шудаанд. Барои равшаннамоӣ 53 сутунпоя насб гардидааст.

Ҳамзамон дар шафати мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” чойхонаи замонавӣ бунёд гардида, сокинони деҳа пайваста метавонанд аз он истифода баранд.

Мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” аз маркази ноҳия дар масофаи 13 километр ва аз маркази деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар масофаи 4 километр дур воқеъ мебошад.

Амалӣ намудани таҷрибаи намунавии ободкорӣ имкон фароҳам овард, ки ин ҷо ба як макони фароғатии дилнишин табдил ёбад ва сокинони ноҳияи Восеъ бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу суботи комил дар Ватан ҳамарӯза бо таърихи ниёгон шинос ва фароғати худро комил намоянд.

Ифтитоҳи мавзеи таърихии “Ҳавзи Қайнар” дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ноҳияи Восеъ 04.10.2021

Октябрь 4, 2021 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд