Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон мулоқот намуд

Октябрь 13, 2021 20:25

ДУШАНБЕ, 13.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар доданд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди муносиботи накуи ҳасана ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.

«Бо истифода аз ин фурсат салому паёми бародари Шумо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дўстӣ ва ҳамкории судманд миёни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум ҳастанд, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ мерасонам»,-гуфт дар оғози мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.

Соли оянда мо 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркияро, ки ҳоло дар марҳилаи муҳими таърихӣ қарор доранд, ҷашн мегирем.

Тоҷикистон Туркияро шарики боэътимоди худ медонад.

Тоҷикистон омодагии хешро барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, тандурустӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ изҳор медорад.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин иброз намуд, ки ҳоло заминаи ҳуқуқии муносибатҳои моро тақрибан 70 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳанд, ки бар нафъи мардумонамон хидмат доранд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 186,6 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба шашмоҳаи  соли гузашта 27,6 млн. доллари ИМА зиёд гардидааст.

Албатта, ин нишондиҳандаҳо қаноаткунанда нестанд, зеро имконият ва талошҳои минбаъдаи муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти афзоиши гардиши мол зиёданд ва мебояд роҳҳои наверо бар нафъи мардумони ду кишвар пайдо намоем.

Сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ дар авлавияти ҳамкории Тоҷикистону Туркия қарор дорад. Имрӯз бо сармоягузории муштарак ва ё танҳо туркӣ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 90 корхона дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият мекунанд.

«Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо кишвари бародари Ҷумҳурии Туркия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути гурўҳҳои дўстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу кишварамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад», — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин аз рушди робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки «мо нақши парлумонҳоро дар пешбурди муносибатҳои бисёрҷониба ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор баланд арзёбӣ менамоем».

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.

АКС: МНМО ҶТ

Октябрь 13, 2021 20:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд