Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «Махзани илм»-ро дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мактаб — кӯдакистони «Махзани илм»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мактаб-кӯдакистон бо саҳми бонуи соҳибкор Гуландом Воситова дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлатии соҳибкории ватанӣ ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия бунёд гардидааст.
Муассисаи мазкур бо харҷи беш аз 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо тарҳу лоиҳаи хосса барои таълиму тарбияи то 160 нафар хонандагону кӯдакон пешбинӣ гаштааст.
Дар муассисаи мактабӣ 40 нафар хонандагон ба машғулияти иловагӣ — омӯзиши амиқи забонҳои хориҷии англисӣ, олмонӣ, чинӣ ва русӣ фаро гирифта мешаванд, ки барои ин имконияту шароити меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.
Бинои муассисаи мактабӣ дорои 2 синфхонаи таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасон аст.
Ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷрибаву соҳибмалака ва дар раванди таълим истифода шудани адабиёти иловагӣ аз роҳу омилҳои босифати таълим ва омӯзиши забонҳо мебошад.
Дар шафати мактаб бинои кӯдакистон бунёд карда шудааст, ки он аз ду ошёна бо таҳҳона иборат буда, дар шаш гурӯҳ 120 нафар кӯдак тарбият мегиранд. Ҳамаи шаш гурӯҳ дорои хонаҳои алоҳидаи хоб ва бозӣ буда, гурӯҳҳо бо кату рахти хоб ва таҷҳизот, ашёву аёният тибқи меъёрҳои тарбияи томактабӣ муҷаҳҳазонида шудаанд.
Дар таҳхонаи иншоот асосан толорҳои варзиш ва мусиқӣ ҷой дода шудаанд. Муассиса ҳамзамон дорои ҳуҷраҳои корӣ барои кормандону маъмурияти муассиса, ҳамшираи шафқат ва равоншинос буда, иншооти захираву нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ низ аз имконияти кӯдакистон аст.
Раванди таълиму тарбия дар муассисаи томактабӣ асосан бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, кӯдакон ҳамчунин ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва чинӣ ва дигар машғулияти варзишӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон чор суҳбаткадаи мавсимӣ бунёд ёфта, девори иҳотавӣ ва дохили гурӯҳҳо бо расму тасвирҳои каҳрамонони афсонавӣ мутобиқ ба завқу шавқи кӯдакон оро дода шудаанд.
Дигар тадбири ободонӣ — сабзазоркуниву гулкорӣ дар ҳудуди муассиса мебошад.
Тарбиятгирандагон чор вақт бо ғизои солим таъминанд ва дар давраи тирамоҳу зимистон муассиса бо дастгоҳҳои махсус гарм карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд кардани шумораи кӯдакистонро дар маҳалу деҳот барои фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ муҳим арзёбӣ намуданд.









Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






