Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
ДУШАНБЕ, 04.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 4 октябр дар кишвар 17084 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16960 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.
Акс аз бойгонӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






