Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур» насиби рӯзноманигор Қурбон Аламшоев гардид

Октябрь 7, 2021 14:57

ХОРУҒ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Ҷумҳурият» Озмуни ҷумҳуриявии  «Гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур» эълон гардида буд, ки давоми даҳ моҳ  беш аз 80 мавод ба озмун пешниҳод ва ғолибон муайян гардиданд. Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пас аз таҳқиқу омӯзиши мавод ҳайати ҳакамон Шоҳҷоизаро ба ходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон   Қурбон Аламшоев  тақдим намуданд.

Дипломи дараҷаи як ба Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон супурда шуд. Мақоми дуюмро дар ин озмун рӯзноманигорон Қурбон Мадалиев, Тиллои Некқадам ва дотсенти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд Мамадшо Мамадшоев гирифтанд.

Маросими ҷоизасупории озмун дар зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур- дар  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  доир шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ходимони илмӣ, рӯзноманигорон, шоирону нависандагон аз шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов ба созмондиҳандагони озмуни ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани он арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки “дар зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур гузаронидани маросими ҷоизасупорӣ фоли нек ва ғамхориву дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти рӯзнома мебошад. Давоми  садсолаҳо ин минтақаи кӯҳистон даҳҳо чеҳраҳои маъруфи илмӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дар домани поки худ парварида, ба воя расонидааст, ки Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи онҳост. Ин марди ҷасур  барои ташкил намудани давлати миллии тоҷикон, барқарор намудани адолат ва ҳақиқати таърихи халқи тоҷик ҷоннисориҳо намудааст.  Ҳақиқати бебаҳс аст, ки ҷавонмарди шуҷоъ ва боғайрати миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз ахтарони тобноки тамаддуни навини тоҷик маҳсуб ёфта, аз зумраи шахсиятҳоест, ки нангу номус ва озодиву озодагиро ба ивази ҷон дифоъ карда, ба ғуломиву бардагӣ ҳаргиз розӣ нашуд. Рӯзгори пуртазоди Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шириншоҳ Шоҳтемур барои наслҳои имрӯзу фардои миллат намунаи ибрат  мебошад”.

Мудири бахши Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Сафарзода ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода низ аз хусуси роҳандозӣ намудани озмуни ҷумҳуриявӣ ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа, хусусан доираи васеи  олимону адибон, шоирону нависандагон ва рӯзноманигорон дар ин озмун изҳори хушнудӣ намуданд.

Зикр гардид, ки озмуни мазкур дар муддати кӯтоҳ таваҷҷуҳи садҳо нафар олимону адибонро ба омӯзиши ҳаёту рӯзгор ва осори Шириншоҳ Шоҳтемур ҷалб намуда, маъхазҳои зиёди таърихӣ, баъзе дастхатҳо ва номаҳои муҳими ба сарнавишти миллати мо рабтдошта ошкор шуданд.

 АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Октябрь 7, 2021 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст