Соҳибкорони корхонаҳои пешрафтаи кишоварзии Нидерландия барои ҳамкории минбаъда аз Тоҷикистон дидан карданд

Октябрь 12, 2021 09:09

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони тоҷику нидерландӣ, ки аз ширкатҳои пешбари давлатҳои худ намояндагӣ мекунанд, 11 октябр дар як ҳамоиши тиҷоратӣ имконоти ҳамкориро баррасӣ карданд. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар дод.

 Ҳайати тиҷоратии иборат аз 11 ширкати нидерландӣ бо ҳадафи роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ва тавсеаи иқтидори кишоварзии Тоҷикистон аз ҷумҳурӣ дидан кард. Роҳбарони ширкатҳои нидерландӣ дар вохӯриҳои B2B бо ҳамтоёни тоҷики худ мулоқот карда, ҳамчунин аз корхонаҳои кишоварзии маҳаллӣ дидан намуданд.

 Муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода зимни суханронӣ дар форуми тиҷоратӣ иброз  дошт, ки баргузории  форум тасдиқи он аст, ки Тоҷикистон омода аст бо Нидерландия дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамкорӣ ба роҳ монад.

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Насимҷон Анваров ҳамчунин изҳори итминон кард, ки соҳибкорони ҳарду кишвар барои худ шарикони тиҷоратӣ пайдо карда, содироту воридоти мутақобилаи маҳсулот ва истеҳсоли муштаракро ташкил мекунанд.

“Нидерландия сиёсати худро ҳамчун содиркунандаи асосии озуқаворӣ тағйир медиҳад ва ҳоло ба беҳтар кардани сифат ва дастгирии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар саросари ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар Тоҷикистон барои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Истифодаи технологияҳо ва таҷҳизот аз Нидерландия дар ин ҷо, дар замини ҳосилхези Тоҷикистон ҳосилнокиро ба таври назаррас афзоиш медиҳад ва рақобатпазирии маҳсулоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад”, — изҳор дошт Сафири Нидерландия дар Тоҷикистон Андре Карстенс ва изҳори боварӣ кард, ки сафари ҳайати  тиҷоратӣ ба деҳқонони тоҷик кумак хоҳад кард, то бо технологияҳои нидерландӣ шинос шаванд ва имкони рушди муштараки истеҳсоли устувор ва фоидаовари озуқавориро, аз ҷумла ҳангоми гузаштан аз истеҳсолоти анъанавӣ ба истеҳсолоти муосир баррасӣ кунанд.

 Мавриди зикр аст, ки ҳайати тиҷоратии Нидерландия гурӯҳи корхонаҳои пешқадами кишоварзиро дар бар мегирад, ки соҳаҳои тухмипарварӣ, сабзавоткорӣ, парандапарварӣ, таълиму тарбияи мутахассисон ва тақсимоти ғизоро муаррифӣ мекунад.

 Дар ҷараёни форум зикр карда шуд, ки Нидерландия нисбат ба  қаламрави Тоҷикистон 3 маротиба хурдтар аст, аммо ба шарофати истифодаи технологияҳои навтарин ва навовариҳо дуввумин содиркунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷаҳон аст. Зиёда аз 70% тухмии сабзавот дар саросари ҷаҳон бевосита ё бавосита аз ҳамин кишвар сарчашма мегирад.

 Гармхонаҳо дар Нидерландия, ки нисбат ба минтақаҳои Суғду Хатлон масоҳати васеътарро ишғол мекунанд, усулҳои пешқадами парвариши сабзавот ва гулро бо сарфаи назарраси об, энергия ва ашёи хом истифода мебаранд. Гармхонаи баландтехнологӣ метавонад бо истифода аз 4 литр об як кило помидор истеҳсол кунад, дар ҳоле ки дар беруни бино 60 литр истифода мешавад.

АКС: ПСС ҶТ

Октябрь 12, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
СОҲИБКОРӢ ҲАМ МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД! Аз ҷониби кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ маҳсулоти гӯштии бесифат мусодира карда шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧИСТ? Ва ё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд?
Муҳлати лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ то соли 2029 тамдид карда шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 баргузор шуд
Дар Душанбе нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор шуд
Табодули мол байни Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба 2,1 миллиард доллар расид