Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи байналмилалии ҷудо — Paris Grand Slam 2021 соҳиби ҷои панҷум шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи байналмилалии ҷудо — Paris Grand Slam 2021 ҷои панҷумро соҳиб шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқа 16-17 октябр бо иштироки 281 варзишгар (164 мард, 117 зан) аз 45 давлати дунё доир гардид.
Тоҷикистонро дар Paris Grand Slam як варзишгар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг намояндагӣ кард.
Ӯ дар се давр бар варзишгарони Муғулистон (Уранбайар Одгерел), Испания (Ҷорҷе Гарсиа), Озарбойҷон (Ҳидоят Ҳайдаров) дастболо шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Сомон дар нимфинал аз Тео Рикюини фаронсавӣ, ки медали нуқра ба даст овард ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз Александру Раисуи руминиягӣ мағлуб гардида, ҷои панҷумро сазовор шуд. Дар вазни -73кг медали тилло насиби Кеншӣ Ҳарада (Ҷопон), медали дигари биринҷӣ насиби Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) гашт.
Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд: ҷои аввал – 5000 евро, ҷои дуюм – 3000 евро, ҷои сеюм – 1500 евро.
Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков – иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз мусобиқаҳои Гранд Слам як медал дорад. Ӯ соли 2019 дар Гранд Слами Осака (Ҷопон) медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамтоён аз Ҳиндустон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Узбекистон бозӣ мекунад
Довар аз Тоҷикистон бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд
Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад






