ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, якшанбе, 290-умин рӯзи соли 2021 аст

Октябрь 17, 2021 08:00

17 октябри соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуда, масъалаҳои ҷамъоварии ҳосилу омодагӣ ба зимистон ва иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои дохилӣ додаашонро  баррасӣ намуданд.

***

9 сол пеш, 17 октябри соли 2012 дар Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқоти судманд анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар самти амният баррасӣ гардиданд.

17 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии аз байн бурдани камбизоатӣ.

***

 Рӯзи назми сиёҳ дар ИМА.

РӮЙДОДҲО:

 17 октябри соли 2011 масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабир муҳокима гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе раванди татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид.

***

17 октябри соли 1929   оид ба пурра таъмир намудани шаҳри Москва қарор қабул шуд.

***

48 сол пеш, 17 октябри соли 1973 11 давлати арабӣ дар бораи ҳар моҳ 5% кам намудани истеҳсоли нафт созишнома ба имзо расониданд.

***

17 октябри соли 2006 аҳолии ИМА ба 300 млн нафар расид.

***

Дар ин рӯзи соли 1918 дар Москва аввалин маротиба дар ҷаҳон Осорхонаи бозичаҳо кушода шуд.

***

17 октябри соли 1990 хазинаи маълумоти IMDb  таъсис дода шуд, ки калонтарин хазинаи маълумот ва сомона оид ба кинематография маҳсуб меёфт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1959 Ширкати «Де Бирс» дар Африкои ҷанубӣ эълон намуд, ки нахустин маротиба аз ҷониби онҳо алмоси сунъӣ истеҳсол карда шуд.

***

Соли 2004 дар Кипр ширинипазҳои маҳаллӣ ширинии шарқиеро бо номи роҳат-лукум ва вазни 2,5 тонна омода намуданд, ки барои таҳияи он беш аз 2 тонна шакар, 350 кг орди ҷуворӣ ва 150 кг меваи хушк истифода шудааст.

Октябрь 17, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш