ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, шанбе, 275-умин рӯзи соли 2021 аст
2 октябри соли 2012 маҷаллаи бонуфузи аврупоӣ «Diplomatic World» (Ҷаҳони дипломатия, ш.Брюссел) (№ 36) дар ҳаҷми 5 саҳифа таҳти унвони «Меъмори сулҳ» мақола нашр намуд, ки оид ба ҳаёту фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл мекард.
***
8 сол пеш, 2 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федералии Германия Михаэл Глос масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳёи фаъолияти корхонаи «Тоҷиксемент» иштирок ва суханронӣ намуданд.
2 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии бидуни хушунат.
***
Ганди Ҷаянти — зодрӯзи Маҳатма Ганди.
РӮЙДОДҲО:
2 октябри соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд калонтарин (дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ) комбинати шоҳибофӣ ба фаъолият оғоз намуд.
***
2 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Америка баррасӣ шуд.
***
7 сол пеш, 2 октябри соли 2014 ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
2 октябри соли 2005 Италия бори нахуст рӯзи бибиҳо ва бобоҳоро ҷашн гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 1936 дар ИМА истеҳсоли нӯшокии спиртӣ пас аз манъ кардан дубора роҳандозӣ шуд.
***
2 октябри соли 2002 дар Япония бори аввал дар ҷаҳон робот-инкассатор ба фурӯш бароварда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2009 дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ китоби «Назаре ба зиндагонии Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа ибни Нуъмон» — и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расид.
***
Соли 1987 дар Шабакаи аввали телевизиони марказии Россия барномаи нахустини «Взгляд» ба эфир баромад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






