«Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Октябрь 28, 2021 13:28

ДУШАНБЕ, 28.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расониданд. Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин хусус.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи №216 (24 323) чоршанбе,  27 октябри соли 2021 таҳти унвони «Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад» суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мубоҳисаҳои мавзӯи сатҳи баланд таҳти унвони «Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим», ки тариқи онлайн сурат гирифт, нашр намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намудаанд, ки «пиряхҳои мо башиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодааст, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пай дар пай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва  ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ  ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд».

Сарвари давлат вобаста ба ин пешниҳоди худро оид ба эълон намудани соли 2025 — «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва таъйини  санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» бори дигар таъкид карданд. Ҳамчунин иброз доштаанд, ки «таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ба таври возеҳ ба назар мерасад ва ин масъала бояд дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус роҳбарони давлатҳои аъзои Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлим қарор дошта бошад».

Ҳамчунин дар ин шумора ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон ва мавод таҳти унвони «С. Улуғзода дар навиштаҳо», «Аврупо. Муаррифии муваффақонаи симои сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон», «Вақте роҳбар ҷавонпарвар аст…», «Конститутсия ва ҳокимияти судӣ» ва дигар хабару гузоришҳо аз дохил ва хориҷи мамлакат зери рубрикаҳои «Рӯйдодҳои илмӣ», «Варзиш», «Ҷаҳон», «Ҷаҳон дар як сатр» ва  «Тоҷикистон» нашр шудаанд.

«Ҷумҳурият» дар шумораҳои минбаъдаи худ оид ба маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи табрикӣ  ва суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев, идомаи сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон, инчунин   дигар хабару гузоришҳо ва маводи таҳлилиро нашр кардааст.

Дар шумораи ҳафтаи сипаригардидаи нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум», таҳти №132 (4394) сешанбе,  26 октябри соли 2021 аз ҷараёни иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо раисони кумитаҳои  парламентҳои давлатҳои аъзои СААД, суҳбати телефонӣ ва барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ва Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод ба нашр расидааст.

Дар ҳамин шумора хонандагон имкон доранд, ки мақолаҳоро  таҳти унвони «Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост», «Балҷувон» рӯнамоӣ шуд», «Нишони сухан»-и  Карим Давлат» ва дигар матлабҳои ҷолибро мутолиа намоянд.

Нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» дар шумораи №42 (20323), чоршанбе, 27 октябри соли 2021 суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон, суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои мавзӯи сатҳи баланд таҳти унвони «Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим», ки тариқи онлайн сурат гирифт,  суҳбати телефонӣ ва барқияи табрикии Сарвари давлат ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар хабарҳои дохил ва хориҷи мамлакатро нашр намудааст.

Дар ин шумора таҳти унвони «Ремесла Таджикистана: топ самых удивительных и уникальных», «Мастерство из поколения в поколение», «Птичий туризм-новый тренд в путешествиях», «В Душанбе обсудили вопросы охраны здоровья матери и ребенка» ва дигар матолиб, хабару гузоришҳо ба чоп расидаанд.

Дар шумораи инҳафтаинаи нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ «Минбари халқ» №43 (1337), чоршанбе, 27 октябри соли 2021 иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон нашр шудаанд.

Дар рубликаи «Ҳаёти ҳизб» таҳти унвони «Дурнамои ҳамкории байниҳизбӣ» ва «Ҳамкории «Созандагони Ватан» бо «Гвардияи ҷавон» гузоришҳо чоп шудаанд.

Инчунин дар ин шумора мавод таҳти унвони «Одаму олам», «Хизмати Пешво беназир аст», «Доктор Наҷиб: Мо Шӯравиро берун кардем, шумо ҳам Покистонро наоред», «Некӣ бимонад ҷовидон», «Шарафёр» ва дигар хабару гузоришҳо    ба нашр расидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 28, 2021 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид