Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА ба зинаи 114-ум баромад
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Федератсияи байналмилалии футбол раддабандии нави худро нашр намуд, ки тибқи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мавқеашро иваз карда, бо касби 1157.77 имтиёз ба зинаи 114-ум баромад, иттилоъ дод шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Миёни кишварҳои Осиё аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Эрон дошта, бо касби 1545.08 хол дар зинаи 22-юми раддабандӣ қарор дорад. Дар рейтинги КФО дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 21-ум мавқеъ гирифтааст. Дар феҳристи раддабандии нави ФИФА дастаҳои мунтахаби Белгия бо 1832.33 имтиёз дар зинаи якум, Бразилия бо 1811.73 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Англия 1755.44 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 116-ум қарор дошт.
Топ-10 раддабандии ФИФА ҳоло ба таври зайл аст:
- Белгия (1832.33)
- Бразилия (1820.36)
- Фаронса (1779.24)
- Италия (1750.52)
- Англия (1750.16)
- Аргентина (1738.79)
- Испания (1687.66)
- Португалия (1681.73)
- Мексика (1672.98)
- Дания (1668.98)
…
- Тоҷикистон (1158)
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






