Тоҷикистон ва Туркия Харитаи роҳ оид ба афзоиши ҳаҷми гардиши савдоро омода месозанд

Октябрь 27, 2021 14:10

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Туркия тасмим гирифтанд, ки ояндаи наздик Харитаи роҳ оид ба бамаротиб  афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Туркияро омода созанд. Масъалаи мазкур имрӯз дар мулоқоти муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол матраҳ шуд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки  мусоҳибон масъалаҳои тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси Гурӯҳи корӣ доир ба омодасозии Харитаи роҳ оид ба бамаротиб афзоиш додани ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Туркия, ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки зарфи  9 моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркия беш аз 16 фоиз афзоиш ёфта, 58 фоизи ҳаҷми умумии он ба содироти Тоҷикистон рост меояд.

Ашӯрбой Солеҳзода зикр намуд, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Туркия барои Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дошта, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Раҷаб Тайиб Эрдуғон муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Дар интиҳо ҷонибҳо омодагии худро барои густариши бештари  ҳамкории мутақобилан судманд баён намуданд.

           АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои  ҶТ

Октябрь 27, 2021 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад