Вакилони парлумон ва коршиносони кишварҳои узви ИДМ масоили ташкили муҳити бароҳати шаҳрро баррасӣ карданд

Октябрь 26, 2021 16:02

ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ба муносибати Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил конференсияи «Симои шаҳри муосир»  баргузор гардид, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Чорабинии мазкур аз ҷониби комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология бо иштироки Ассамблеяи Байнипарлумонии ҷавонони ИДМ ташкил карда шуд.

Муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии  ИДМ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори  давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода дар конференсия ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок намуд.

Мавсуф роҷеъ ба масъалаҳои ташаккули симои муосири шаҳри Душанбе сухан гуфта, оид ба роҳҳои ҳалли муассири ҳифзи марказҳои таърихӣ, ёдгориҳои мероси фарҳангӣ, дастовардҳо дар соҳаи банақшагирӣ ва функсионалӣ, таъсири муҳити рақамӣ ба фароҳам овардани шароити бароҳат дар шаҳр  маълумоти муфассал дод. Дигар баромадкунандагон рушди системаи нақлиётро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи симои шаҳри муосир ва захираҳои қаламравҳои таърихӣ баррасӣ карданд.

Дар кори конференсия намояндагони парлумонҳои миллӣ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, ассотсиатсияҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ, мақомоти маҳаллӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва доираҳои тиҷоратӣ иштирок доштанд.

Иштироккунандагони мулоқотро Раиси комиссияи доимии АБ ИДМ  оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология, Раиси комиссияи парламенти Ҷумдурии Молдова оид ба кишоварзӣ ва саноати хурокворӣ Владимир Боля табрик намуд. «Тараққиёти шаҳрҳо дар тамоми ҷаҳон бо суръати хеле баланд идома дорад. Комиссияи дахлдори доимӣ ба омӯхтани таъсир ва рафъи окибатҳои ин фаъолияти антропогенӣ диққати ҷиддӣ медиҳад”,-иброз намуд  Владимир Боля.

Дар конференсия ҳамоҳангсози Ассамблеяи Байнипарлумонии ҷавонони ИДМ, узви кумитаи Миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба сиёсати аграрӣ ва масъалаҳои минтақавӣ Эмин Ҳоҷиев гуфт, ки «симои шаҳри муосир ва муҳимтар аз ҳама, муҳити бароҳати онро на танҳо намояндагони мақомоти қонунгузору иҷроия, балки меъморон, тарроҳон, шаҳршиносон, ҷомеашиносон ва  коршиносони гуногун офаридаанд. Мо мефаҳмем, ки индекси сифати муҳити шаҳр бештар ба дараҷаи ҷалби аҳолӣ дар рушди он вобаста аст ва иштироки ҷавонон дар ин раванд ниҳоят муҳим аст», — таъкид кард ҳамоҳангсози Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ.

Ба гуфтаи ӯ, ҷалби ҷавонон ба ободонии ҳудудҳо яке аз омилҳои зиндагии бароҳату шоистаи сокинони он дар оянда аст.

Модератори чорабинӣ, раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори  давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, раиси комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Валентин Семеняко иброз намуд, ки «ҳангоми ба нақша гирифтани омодагии конфронс мо ба мувофиқа расидем, ки он на танҳо ба пойтахтҳо, мегаполисҳо ва марказҳои вилоятҳо бахшида мешавад, балки ба тамоми шаҳрҳо ва ҳатто ба маҳаллаҳои типи шаҳрӣ дахл хоҳад кард. Доираи масъалаҳое, ки барои баррасӣ пешниҳод шудаанд, ҷанбаҳои гуногуни эҷоди симои шаҳри муосирро дар бар мегирад ва аз рӯи гузоришҳои расида, табодули афкор ва таҷрибаи пешқадам ниёзи бошууронаест, ки барои пешгирӣ аз хатоиҳо мусоидат мекунад».

Аз рӯи натиҷаҳои кори конференсия тавсияҳо таҳия карда шуда, ба АБ ИДМ, мақомоти қонунгузор ва иҷроияи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ирсол гардиданд.

АКС: МН МО ҶТ

Октябрь 26, 2021 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ вориди шаҳри Бишкек шуданд
Маҷлиси намояндагон дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ ба Қирғизистон сафар намуданд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
1 октябр иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Ҳамкории Парлумони Тоҷикистон бо Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо густариш меёбад
Мавсума Муинӣ дар Австрия аз нақши калидии ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа ёдовар шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба иқтисод ва рушди устувор иштирок намуданд