Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Туркия мубориза бар зидди терроризмро пурзӯр менамоянд

Октябрь 27, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода бо сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Ҳасан Йигит баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар доданд аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Аламшозода мулоқоти мазкурро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкории дуҷонибаи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Туркия арзёбӣ намуд.

Ҳасан Йигит иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин вусъат ёфтани терроризм аст. Ин ҳолат моро водор месозад, ки тамоми имконоти мавҷударо дар муқобили хатарҳои замони муосир истифода бурда, дар якҷоягию ҳамбастагӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти робитаҳои касбӣ изҳори боварӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия бо роҳбарии сардори Раёсати мубориза бар зидди терроризми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркия Ҳасан Йигит барои иштирок дар ҷаласаи 6-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккилона, маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст.

Ҷаласаи мазкур 26 октябр оғоз шуда, имрӯз ҷамъбаст мегардад. Бояд зикр намуд, ки дар доираи ҷаласа ҳайати мазкур ҳамчунин аз Академияи ВКД ва дигар ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе боздид ба амал меоранд.

АКС аз сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ

Октябрь 27, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд