ВКД ҶТ маълумот дар бораи дар қаламрави Тоҷикистон бунёд гардидани пойгоҳи ҳарбии Чинро рад намуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маълумот дар бораи он ки дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Чин бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест ва масъалаи мазкур дар рӯзнома гузошта нашудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд.
«Маълумот дар бораи он ки гӯё дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Чин бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест ва масъалаи мазкур дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба гузошта нашудааст», — омадааст дар изҳороти ВКД ҶТ.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки «дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар заминаи инфрасохтори мавҷудаи дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ гузаронидани машқҳои тактикии муштарак миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин пешбинӣ шудааст».
Аз ин рӯ, ҳамаи лавозимоти зарурӣ ва хароҷот дар вақти гузаронидани машқҳои муштарак аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод ва пардохт карда мешаванд.

ДАР АКС: Намояндаи ВКХ Чин Ван Вэнбин
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 29 октябр Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин низ хабарҳо дар бораи бунёди пойгоҳи ҳарбӣ дар қаламрави Тоҷикистонро рад кард.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Ван Вэнбин зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи шарҳи хабарҳо дар бораи бунёди пойгоҳи ҳарбии Чин дар Тоҷикистон гуфт: «Бо итминон метавонам бигӯям, ки Чин дар Осиёи Марказӣ ягон пойгоҳи ҳарбӣ надорад».
АКС: АМИТ «Ховар»/Fmprc/gov.cn








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






