Толибон дар нишасти вазирон дар Эрон оид ба Афғонистон ширкат нахоҳанд кард

Октябрь 25, 2021 11:06

ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ҷунбиши радикалии «Толибон»*, ки дар Афғонистон ба қудрат расидаанд, дар нишасти қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон иштирок намекунанд. Дар ин бора якшанбе, 24 октябр муовини вазири иттилоот ва фарҳанг дар девони вазирони муваққатии кишвар Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ки  аз ҷониби толибон таъйин шудааст, хабар дод, менависад ТАСС.

«Ягон намояндаи ҳукумати «Аморати исломии Афғонистон» (номи давлате, ки толибон истифода мебаранд –Тавзеҳи ТАСС) дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ширкат нахоҳад кард», — гуфт Муҷоҳид, ки суханони ӯро шабакаи телевизионии Афғонистон Ariana News иқтибос овардааст. Ҳамзамон вай мулоқоти вазиронеро, ки дар Теҳрон барномарезӣ шудааст, «хуб» тавсиф кард.

18 октябр Вазорати корҳои хориҷии Эрон эълон кард, ки дар нишасти ҳузурии вазирони корҳои хориҷӣ дар Теҳрон, ки қарор аст 27 октябр баргузор шавад, шаш кишвар: Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат мекунанд. Тарафҳо ният доранд, ки саъю кӯшиши худро барои чӣ гуна кумак расонидан ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо ҳузури ҳамаи қавмҳо равона кунанд. Аввалин мулоқот дар ин сиға 8 сентябр ба таври онлайн баргузор шуда буд.

                                               ДАР АКС: Теҳрон. Акс: Яндекс

_________________________________

«Толибон»* — мамнуъ дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо

Октябрь 25, 2021 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид