Замони баргузории бозиҳои даври 23-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Октябрь 13, 2021 11:48

ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 23-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 3 ноябр дубора оғоз мешаванд, иттилоъ дод  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар робита ба омодагии дастаи мунтахаби  ҷавонони то 23-солаи  Тоҷикистон   ба мусобиқаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» панҷ бозии даври 23-юми Лигаи олии   футболи Тоҷикистон, ки бояд 15-16 октябри имсол баргузор мегардид, ба таъхир гузошта шуд. Бозии мавқуфмондаи марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  15  октябр дар назар аст. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 16:00 оғоз мегардад,

Ҳамин тавр, бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон-2021 бо бозиҳои даври 24-ум  3 ноябр доир мешаванд. Аз 25  октябр то 2  ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои марҳилаи гурӯҳҳои «В» ва «G» -и мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони  то 23-сола баргузор мегарданд.

Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор  гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо  Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ   бо  КМВА-и шаҳри Душанбе  ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  миёни ҳам  рақобат карданд.

Пас аз натиҷагирии 22 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Истиқлол  пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 52 хол дорад. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 10 хол камтар (42) дар ҷои дуюм аст.

КМВА, ки холҳояш ба 36 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.

 

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                      Б      Ғ      М      Б      Т-Т       Х
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  21  16  4  1  57-7  52
 2 «Хуҷанд» (Хуҷанд)  21  13  3  5  43-21  42
 3  КМВА (Душанбе)  22  10  6  6  33-26  36
 4  «Истаравшан» (Истаравшан)  22  9  5  8  24-22  32
 5 «Хатлон»(Бохтар)  22  8  5  9  23-27  29
 6  «Эсхата» (Хуҷанд)  22  8  3  11  29-40  27
 7  «Равшан» (Кӯлоб)  22  6  8  8  22-26  26
 8  «Файзканд» (Восеъ)  22  5  5  12  15-29  20
 9  «Кӯктош»(Рӯдакӣ)  22  5  5  12  31-50  20
 10 «Душанбе» (Душанбе)  22  4  6  12  21-50  18

 

  АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 13, 2021 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад