10 паҳлавони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи «Гранд Слам»-и Аморати Муттаҳидаи Араб иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб Мусобиқаи «Гранд Слам» оид ба гӯштини дзюдо баргузор мегардад, хабар дод ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.
Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 10 паҳлавони шинохта Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд:
1.Шаҳбоз Сайдаброров (-60кг)
2.Алиҷон Сафаралиев (-66кг)
3.Баҳром Суфиев (-66кг)
4.Сомон Маҳмадбеков (-73кг)
5.Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг)
6.Ҳақназар Назаров(-81кг)
7.Хушвахт Идиев (-81кг)
8.Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг)
9.Комроншоҳи Устопириён (-90кг)
10.Темур Раҳимов (+100кг).
Дар рӯзи аввали мусобиқа паҳлавони сабуквазн ва хеле чолоки мо Шаҳбоз Сайдаброров ба майдон мебарояд. Шаҳбоз порсол дар мусобиқаи Гранд Слами Тиблиси соҳиби нишони биринҷӣ шуда буд. Дар вазни -66 кг Алиҷон Сафаралиев ва Баҳром Суфиев Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Ҷаҳонпаҳлавон, ҷоизадори мусобиқаи Гранд Слами Осака Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми рақобатҳо рӯи татами мебарояд. Дар ҳамин вазн як тан паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик Маҳмадраҳим Сарахонов низ ҳузур хоҳад дошт.
Ҳақназар Назаров ва Хушвақт Идиев дар вазни -81 кг кишвари моро муаррифӣ мекунанд.
Ду карат чемпиони Осиё ва чаҳор карат чемпиони Гранд При Комроншоҳи Устопириён ва барандаи медали нуқраи Ҷоми Аврупои Оренбург Ҷаҳонгир Маҷидов кӯшиш доранд, ки дар вазни -90 кг дастовардҳои хуб нишон диҳанд.
Имконияти паҳлавони сангинвазн ва пурқуввату шинохтаи мо Темур Раҳимов барои гирифтани медал дар ин мусобиқа низ зиёд аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






