10 паҳлавони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи «Гранд Слам»-и Аморати Муттаҳидаи Араб иштирок мекунанд

Ноябрь 18, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз  26 то 28 ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб Мусобиқаи «Гранд Слам» оид ба гӯштини дзюдо баргузор мегардад, хабар дод ба шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар»  корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.

Дар ин  мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 10  паҳлавони шинохта  Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд:

1.Шаҳбоз Сайдаброров (-60кг)

2.Алиҷон Сафаралиев (-66кг)

3.Баҳром Суфиев (-66кг)

4.Сомон Маҳмадбеков (-73кг)

5.Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг)

6.Ҳақназар Назаров(-81кг)

7.Хушвахт Идиев (-81кг)

8.Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг)

9.Комроншоҳи Устопириён (-90кг)

10.Темур Раҳимов (+100кг).

Дар  рӯзи аввали мусобиқа паҳлавони сабуквазн ва хеле чолоки мо Шаҳбоз Сайдаброров ба майдон мебарояд. Шаҳбоз порсол дар мусобиқаи  Гранд Слами Тиблиси соҳиби нишони биринҷӣ шуда буд. Дар вазни -66 кг Алиҷон Сафаралиев ва Баҳром Суфиев Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Ҷаҳонпаҳлавон, ҷоизадори мусобиқаи Гранд Слами Осака Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми рақобатҳо рӯи татами мебарояд. Дар ҳамин вазн як тан паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик Маҳмадраҳим Сарахонов низ ҳузур хоҳад дошт.

Ҳақназар Назаров ва Хушвақт Идиев дар вазни -81 кг кишвари моро муаррифӣ мекунанд.

Ду карат чемпиони Осиё ва чаҳор карат чемпиони Гранд При Комроншоҳи Устопириён ва барандаи медали нуқраи Ҷоми Аврупои Оренбург Ҷаҳонгир Маҷидов кӯшиш доранд, ки дар вазни -90 кг дастовардҳои хуб нишон диҳанд.

Имконияти паҳлавони сангинвазн ва пурқуввату шинохтаи мо   Темур Раҳимов барои гирифтани медал дар ин мусобиқа низ зиёд аст.

                                                                               АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 18, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд