ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар гарнизони Суғд иншооти ҳарбӣ ба истифода дода шуданд

Ноябрь 25, 2021 10:36

ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ дар дохили қисми низомии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи мамлакат, воқеъ дар ҳудуди вилояти Суғд хобгоҳи дуошёнаи кушоду барҳавои замонавӣ ва якчанд иншооти дигари дорои аҳамияти ҳарбӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, хобгоҳи кушоду барҳавои замонавӣ бо 350 ҷойи хоб барои сарбозон пешбинӣ гардида, дар масоҳати 630 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншооти мазкур, ба ғайр аз мавзеи хоби ҳайати шахсӣ, инчунин чанд утоқи корӣ барои афсарон, хонаҳои хизмативу маишӣ ва ҳам фароғатӣ, мавзеи махсуси хушк намудани либосу пойафзол, хонаи нигоҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ташнобхона, ҷойи дастурӯшӯйӣ, анборча ва дигар утоқҳои махсуси хизматӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дохили бино ва утоқҳои кориву хизматрасонии иншооти мазкур барои фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсӣ бо мизу курсӣ, ҳама намуди таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои алоқаи дохилӣ, шиору овезаҳои таблиғотӣ ва дигар шароити зарурии маишиву фароғатӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Илова бар ин, баҳри назорати доимии ҳудуди қисми ҳарбӣ дар дохил ва атрофи бинову иншооти он видеокамераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда, хобгоҳи сарбозон ва дигар бинову утоқҳои кориву хизматии афсарону сарбозон ба системаи ягонаи гармидиҳӣ низ пайваст мебошад.

Дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ, роҳраву ҳудуди бинову иншооти қисми низомии мазкур асфалтпӯш гардонида шуда, дар назди хобгоҳ 3 суҳбаткада бунёд ва атрофи иншооти мазкур бо гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои ороишӣ зиннат дода шудааст.

Вазири мудофиаи мамлакат, раиси вилояти Суғд ва ҳамроҳони ӯ аз дохил ва ҳудуди хобгоҳ ва дигар бинову иншооти навбунёди қисми низомӣ дидан карда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд ва аз кори анҷомдодаи сохтмончиёни ин бинои хуштарҳу замонавӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Бояд тазаккур дод, ки сохтмони хобгоҳи навбунёду замонавии сарбозӣ, ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали соли 2021 аз сифр оғоз карда шуда, аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати мудофиа ва дар доираи маблағҳои мутамаркази буҷетӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо тарҳу усули муосири меъморӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки ба ғайр аз хобгоҳи кушоду барҳавои сарбозӣ, ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, инчунин дар дохили ин қисми низомӣ давоми як соли охир бинои муҷаҳҳази таълимӣ бо 8 синфхонаи дарсӣ, синфхонаҳои тобистона барои сарбозон, қаровулхонаи замонавӣ, бинои алоҳидаи ташнобхона, мавзеи дастрӯшӯйӣ барои ҳайати шахсӣ, анбори озуқаворӣ ва дигар иншооти ёрирасони зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

АКСҲО: Вазорати мудофиаи ҶТ

Ноябрь 25, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои навбунёди Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз рӯйи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд