Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз Маркази ёрии таъҷилии равонии ВҲФ Русия дидан намуд

Ноябрь 19, 2021 11:05

ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ аз Маркази ёрии таъҷилии равонии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дидан кард, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Кумита.

Меҳмононро муовини директори Марказ Татяна Никитина бо фаъолияти марказ шинос намуд. Вай зикр кард, ки  ин хадамот барои расонидани ёрии таъҷилии равонӣ ба афроди дар ҳолати фавқулода қарордошта таъсис ёфта, имсол ба фаъолияташ 22 сол пур шуд.

«Дар ин муддат, мутаассифона, мо таҷрибаи зиёд андӯхтем, иштирокчии рафъи оқибатҳои қариб ҳамаи садамаҳои бузург ва офатҳои табиии дар қаламрави кишварамон ва бисёре аз ҳодисаҳои дар хориҷи кишвар рухдода будем. Дар ин муддат мо тавонистем, ки системаи мукаммали расонидани ёрии равониро ба вуҷуд оварда, кори бахшҳои худро дар ҳашт минтақаи кишвар ба роҳ монем», — гуфт Татяна Никитина.

Мехмонони марказ дар бораи кори равоншиносон филм тамошо карда, бо кори бахшҳои асосии хидмати равонии шуъбаи ёрии таъҷилӣ шинос шуданд.

Сардори шуъбаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ Кирилл Бородин нақл кард, ки кори расонидани ёрии таъҷилии равоншиносӣ дар ҳолати фавқулода чӣ гуна ба роҳ монда шудааст, рафтани равоншиносон ба ҷои ҳодиса чӣ гуна сурат мегирад ва барои ин чӣ қадар вақт зарур аст. Ӯ ҳамчунин дар бораи навбатдории шабонарӯзӣ дар заминаи Маркази Гурӯҳи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар Москва, ки ба вазифаҳои он расонидани ёрии таъҷилии равонӣ ба қурбониёни сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ ва афроди даст ба худкушизада дохил мешавад, нақл кард.

Сардори шуъбаи усулҳои фосилавӣ Елена Варфоломеева бо кори телефони боварӣ ва операторони машваратҳои психологии фосилавӣ, ки шабонарӯзӣ ба аҳолӣ ёрии психологӣ мерасонанд, шинос намуд.

«Ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулода одамон ба маълумот дар бораи ҷойгиршавӣ ва ҳолати қурбониён, вазъи кунунии корҳо ва чорабиниҳо оид ба рафъи ҳолати фавқулода эҳтиёҷоти фаврӣ доранд», — гуфт Елена Варфоломеева ва илова намуд: — Самти дигари фаъолият- ин омӯзиши равонии худи ВКФ Русия мебошад”.

Илова бар ин, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо имконияти марказ дар доираи омодагии равонии ҳайати шахсӣ, корҳои офиятбахшии тиббию равонӣ, инчунин дастгирии ташхиси равонӣ, ки дар доираи онҳо намудҳои гуногуни муоинаи равонӣ гузаронида мешаванд, шинос шуданд.

Дар мулоқот намояндагони Маркази ёрии таъҷилии равонии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ва намояндагони ҳайат масъалаҳои ҳамкории минбаъда ва рушди муносибатҳо дар соҳаи фаъолияти равониро баррасӣ карданд.

 АКС : КҲФ ва МГ

Ноябрь 19, 2021 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад