Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз Маркази ёрии таъҷилии равонии ВҲФ Русия дидан намуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ аз Маркази ёрии таъҷилии равонии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дидан кард, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Кумита.
Меҳмононро муовини директори Марказ Татяна Никитина бо фаъолияти марказ шинос намуд. Вай зикр кард, ки ин хадамот барои расонидани ёрии таъҷилии равонӣ ба афроди дар ҳолати фавқулода қарордошта таъсис ёфта, имсол ба фаъолияташ 22 сол пур шуд.
«Дар ин муддат, мутаассифона, мо таҷрибаи зиёд андӯхтем, иштирокчии рафъи оқибатҳои қариб ҳамаи садамаҳои бузург ва офатҳои табиии дар қаламрави кишварамон ва бисёре аз ҳодисаҳои дар хориҷи кишвар рухдода будем. Дар ин муддат мо тавонистем, ки системаи мукаммали расонидани ёрии равониро ба вуҷуд оварда, кори бахшҳои худро дар ҳашт минтақаи кишвар ба роҳ монем», — гуфт Татяна Никитина.
Мехмонони марказ дар бораи кори равоншиносон филм тамошо карда, бо кори бахшҳои асосии хидмати равонии шуъбаи ёрии таъҷилӣ шинос шуданд.
Сардори шуъбаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ Кирилл Бородин нақл кард, ки кори расонидани ёрии таъҷилии равоншиносӣ дар ҳолати фавқулода чӣ гуна ба роҳ монда шудааст, рафтани равоншиносон ба ҷои ҳодиса чӣ гуна сурат мегирад ва барои ин чӣ қадар вақт зарур аст. Ӯ ҳамчунин дар бораи навбатдории шабонарӯзӣ дар заминаи Маркази Гурӯҳи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар Москва, ки ба вазифаҳои он расонидани ёрии таъҷилии равонӣ ба қурбониёни сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ ва афроди даст ба худкушизада дохил мешавад, нақл кард.
Сардори шуъбаи усулҳои фосилавӣ Елена Варфоломеева бо кори телефони боварӣ ва операторони машваратҳои психологии фосилавӣ, ки шабонарӯзӣ ба аҳолӣ ёрии психологӣ мерасонанд, шинос намуд.
«Ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулода одамон ба маълумот дар бораи ҷойгиршавӣ ва ҳолати қурбониён, вазъи кунунии корҳо ва чорабиниҳо оид ба рафъи ҳолати фавқулода эҳтиёҷоти фаврӣ доранд», — гуфт Елена Варфоломеева ва илова намуд: — Самти дигари фаъолият- ин омӯзиши равонии худи ВКФ Русия мебошад”.
Илова бар ин, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо имконияти марказ дар доираи омодагии равонии ҳайати шахсӣ, корҳои офиятбахшии тиббию равонӣ, инчунин дастгирии ташхиси равонӣ, ки дар доираи онҳо намудҳои гуногуни муоинаи равонӣ гузаронида мешаванд, шинос шуданд.
Дар мулоқот намояндагони Маркази ёрии таъҷилии равонии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ва намояндагони ҳайат масъалаҳои ҳамкории минбаъда ва рушди муносибатҳо дар соҳаи фаъолияти равониро баррасӣ карданд.
АКС : КҲФ ва МГ








«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид






