АРТИШИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ ШУҶОАТУ ДАЛЕРӢ. 20 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо натиҷагирӣ аз сатҳи баргузории чорабиниҳои рўзи аввал ва даъвату гусели саривақтии даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ тайи як моҳи сипаригардидаи маъракаи даъвати тирамоҳӣ аллакай зиёда аз 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинигардида гузориш доданд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо оғоз гардидани чорабиниҳои даъватӣ дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар нахустин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро пурра ба анҷом расониданд.
Бояд гуфт, ки шурӯъ аз якуми октябри соли равон даъвати тирамоҳии шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар мамлакат ҷараён дошта, аллакай аз оғози ин маъракаи муҳими сиёсӣ-ҷамъиятӣ як моҳ сипарӣ гардид.
Дар миёни шаҳру навоҳии мамлакат пас аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе дар ҷадвали натиҷаи даъвати тирамоҳӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ пешсаф буда, иҷрои нақшаи даъват дар пойтахти кишвар дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Иҷрои нақшаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ давоми як моҳи сипаригардида дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 80%, дар вилояти Суғд 56% ва дар вилояти Хатлон 54 %-ро ташкил медиҳад. Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ то имрӯз иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ қариб 70%-ро дар бар мегирад.
Ҷиҳати иҷрои саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳравандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ ҷараён дорад.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






