ҚАСАМ БА НОМАТ, ЭЙ ВАТАН. Дар қисми ҳарбии шаҳри Хоруғ маросими савгандёдкунӣ баргузор шуд

Ноябрь 9, 2021 14:15

ХОРУҒ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Наваскарони қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Хоруғ  барои садоқат ба халқу Ватан ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуданд. Дар  маросими савгандёдкунӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд, иттилоъ дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Наваскарони қисмҳои  ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи  давлатии  амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  пайи сафороии расмӣ бо  хондани  Суруди миллӣ дар ҳузури фармондеҳони ин  қисми низомӣ ва волидонашон ба қабули савганди  ҳарбӣ оғоз намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Алишер Мирзонабот наваскаронро ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими савгандёдкунӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо  далериву матонат, саломатию сарфарозӣ ва дар иҷрои касби пуршараф бурдборӣ таманно намуда, изҳор дошт, ки имрӯзхо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ чавонони таҳамтану бовиқор, зираку чолок  ва содиқ ба арзишҳои миллӣ дар ҳифзи марзу буми ватан саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар маросим сардори  Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилоят, генерал- майор Абдусамад Салимзода, сардори  Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ дар вилоят, генерал-майор Исматулло Одиназода  ширкат варзида, наваскаронро ба муносибати ин лаҳзаи таърихии ҳаёташон табрик намуда, қабули савганди ҳарбиро ҳамчун нишонаи эҳтиром ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ  дар пойдории сулҳу субот ва шукуфоии доимии кишварамон маънидод намуданд.

Наваскарони ин қисми марзбонӣ дар  фазои мутантан   ба  халқу  Ватан содиқона қасам ёд карданд, ки  оинномаи ҳарбӣ,  амрҳои  фармондеҳону  сардорони  худро  бе чуну чаро иҷро карда, барои ҳифзи марзу  буми ватан ҷонашонро нисор мекунанд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин волидайни наваскарон аз шаҳру ноҳияҳои  вилояту ҷумҳурӣ ширкат варзида, аз наваскарон даъват ба амал оварданд, ки дар таъмини ҳифзи оромию субот, амнияти миллат ва дахлнопазирии сарҳади давлатӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ диҳанд. Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  хотири таъмини шароити сарбозону  афсарон ҳамасола кӯшишу  талошҳои  зиёд мекунад. Аз ин рӯ сол  аз  сол таъмини  қисмҳои низомӣ бо силоҳу муҳимоти  муосири ҷангӣ ва шароити маишии сарбозон боз ҳам беҳтар гардида истодааст.

                     АКСҲО: АМИТ  «Ховар»

Ноябрь 9, 2021 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»