БА ХУШУНАТИ ОИЛАВӢ РОҲ НАДИҲЕД! Ду мард барои истифодаи зӯроварӣ нисбат ба занон ҷазои маъмурӣ гирифтанд

Ноябрь 19, 2021 10:16

ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз ҷониби бахши нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оилаи мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи санҷиш ва баррасии муроҷиати як нафар зан дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур ҳолати хушунати оилавӣ ошкор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Муайян гардид, ки шаҳрванд Муқумов Ҳасан Собирҷонович, санаи таваллудаш 19 июни соли 1979, истиқоматкунандаи шаҳри  Душанбе, кӯчаи Восеъ 111, нисбат ба собиқ ҳамсари худ амалу рафтори хушунатовар истифода мебурдааст. Чунончӣ, ӯ 15 ноябри имсол нисбат ба собиқ ҳамсараш амалу рафтори хушунатоварро истифода карда, боиси озори ҷисмониву равонии ҷабрдида гардидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршуда Ҳасан Муқумов тибқи талаботи моддаи 93 иловаи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ санади маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ намуд.

Инчунин дар натиҷаи санҷиши муроҷиати як нафар зани дигар аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Ҷайлобов Амоналӣ Қурбоналиевич, санаи таваллудаш 1 августи соли 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Каримов дастгир карда шуд. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки мавсуф 16 ноябр дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, нисбат ба ӯ зӯровариро истифода кардааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Амоналӣ Ҷайлобов санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбат ба номбурда ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, аз байн бурдани муноқиша ва нофаҳмиҳои оиладорӣ бахши нозирони пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуда, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёту оиладории солим фаъолияти ҳамаҷониба ба роҳ мондаанд. Дар натиҷаи фаъолияти самараноки ин ниҳоди мақомоти милитсия ҳодисаҳои зиёди хушунату зӯроварӣ дар оила ошкор ва нисбат ба поймолкунандагони ҳуқуқу манфиатҳои занон тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда, ҳамзамон оилаҳои зиёде аз хатари ҷудошавӣ наҷот дода шудаанд.

АКСҲО аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва манбаъҳои боз

Ноябрь 19, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд