Баҳодур Шерализода: «Тоҷикистон омода аст бо СММ ва кишварҳои шарик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ҳамкории зич дошта бошад»
ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар COP26 – Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода аз номи ҳайати Тоҷикистон баромад намуд. Мавсуф зимни баромад таваҷҷуҳи вазирону роҳбарони ҳайатҳои дар Саммит иштироккунандаро ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 — Соли ҳифзи пиряхҳо ва муайян кардани санаи ҷашнгирии ҳамасолаи ин рӯз, инчунин таъсиси Хазинаи муҳофизати пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баҳодур Шерализода изҳор дошт, ки ҳудуди 60 дарсади ҳаҷми умумии захираҳои оби минтақа дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, ки он дар раванди рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши бузург мегузорад.
Раиси Кумита изҳор намуд, ки сарфи назар аз ҳадди ақалли партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, Тоҷикистон осебпазиртарин кишвар аз таъсири тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон тибқи уҳдадориҳояш дар доираи Созишномаи Париж ба котиботи Конвенсия саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи худро пешниҳод намуд, ки он бори дигар таваҷҷуҳи ҷиддии Ҳукумати кишварро ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим нишон медиҳад.
Зимнан зикр гардид, ки Тоҷикистон омода аст минбаъд низ бо Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳои шарик, донорҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои зиёновари он барои кишвар ҳамкории зич дошта бошад.
Аксҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд






