Ба Тоҷикистон аз Чин 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ва 502 ҳазор дона сӯзандору ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 7 ноябр аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac»-и истеҳсоли ширкати «Sinovac Research & Development Co. Ltd» ва 502 ҳазор дона сӯзандору ҳамчун кумаки башардӯстона ворид карда шуд, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Иқдоми мазкур дар доираи ҳамкории дуҷониба ва мутақобилан судманд анҷом дода шуда, дар маросими қабули ваксина дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Чин дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз зиёда аз 5 миллиону 686 ҳазору 800 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шуд.
АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ









ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






