Бахшида ба Рӯзи Парчам ба зиёда аз 100 нафар поккорони шаҳри Хуҷанд кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бахшида ба Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулин ва кормандони ZET-MOBILE бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои башардўстонаю раъиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 100 нафар рўбандаю поккорони шаҳри Хуҷанд кумакҳои моддӣ расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Кормандони ZET-MOBILE ҳангоми тақдими маводи ниёзи аввал, ки он аз орд, шакар, равған, биринҷ, макарон, марҷумак, чойи хушк ва дигар маҳсулоти ғизоӣ иборат буд, таъкид намуданд, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад. Бахусус дар замони паҳншавии бемориҳои сироятӣ онҳо дар ҷодаи ободонию тозагӣ масъулияти бештар ҳис намуда, корҳои назаррас анҷом доданд.
Акс аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






